Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 3 танро аз зери тарма берун оварда, зиёда аз 100 нафарро ба ҷойҳои бехатар интиқол доданд

Январь 3, 2020 08:47

ДУШАНБЕ, 03.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз сабаби боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам хатари тарма ва сангфароӣ боқӣ монда, дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Айнӣ то ба ҳол вазъият хавфнок аст. Он ҷо шабонарӯзи гузашта аз километри 55-ум то 74-уми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ якчанд ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Барои тоза намудани роҳҳо аз ҷониби хадамоти роҳҳои Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳамчунин ширкати роҳдории «Innovative Road Solutions» ҳашт адад техника  ҷудо карда шуда, барои бартараф сохтани оқибати офатҳои табиӣ корҳо идома ёфта истодаанд. Ситодҳо оид ба бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода шабонарӯзӣ кор мекунанд.

«2 январ дар натиҷаи фаромадани тарма дар километрҳои  62 то 74-и  роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ   ба наҷотбахшони Кумитаи мазкур дар якҷоягӣ бо кормандони ширкати «Innovative Road Solutions»   муяссар гардид, ки зимни корҳои наҷотдиҳӣ  3 корманди ширкати IRS-ро  аз зери барф  берун бароранд, ки ҳолати  онҳо айни замон муътадил аст», — хабар доданд аз муассисаи наҷотдиҳӣ.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва  кормандони хадамоти роҳдории Ширкати «Innovative Road Solutions» зиёда аз 100 ронанда ва мусофирро, ки байни тармаҳо дармонда буданд,  ба ҷойи бехатар интиқол доданд. Онҳо аз ҷониби хадамоти нигоҳдории  роҳи IRS, ки дар километри 72-юми роҳи нақлиётии Душанбе –Айнӣ ҷойгир аст, бо ғизо ва манзили муваққатӣ таъмин гардиданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш  менамояд, ки аз сафару саёҳат  ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд. Зеро хатари фаромадани тарма  ҳанӯз мавҷуд аст.

 

Январь 3, 2020 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад