Намояндаи Тоҷикистон Сарвар Бахтӣ ба сифати Раиси нави Муассисаи фарҳангии СҲИ дар Теҳрон муаррифӣ гардид

Январь 6, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Теҳрон маросими Раиси нави Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ/ЭКО) муаррифӣ гардидани  намояндаи Тоҷикистон  Сарвар Бахтӣ дар муассисаи мазкур баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросим Дабири кулли СҲИ Ҳодӣ Сулаймонпур, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Ғуломризо Ансорӣ, Раиси Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Эрон ва муовини раиси ҷумҳури ин кишвар Ашраф Буруҷердӣ, муовини Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ Қурбоналӣ Пурмарҷон, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири Афғонистон Абдулғафур Ливол, Сафири Туркия Дарё Урс ва дигар мақомоти фарҳангии Эрон суханронӣ намуда, мақоми Муассисаи фарҳангии СҲИ-ро дар тақвияти ҳамкории фарҳангӣ миёни кишварҳои узви СҲИ таъкид карданд. Онҳо ҳамзамон ба Раиси нави Муассиса дар пешбурди фаъолиятҳои ин ниҳоди муҳими минтақавӣ муваффақият орзу карданд.

Раиси нави Муассисаи фарҳангии СҲИ Сарвар Бахтӣ низ иброз намуд, ки дар давраи сесолаи раёсати Тоҷикистон тамоми талошашро ҷиҳати пешрафт ва рушди ин муассиса ба кор хоҳад бурд. Аз ҷумла, вай ба барномаҳои худ дар ин давра, ки  ҳадафи таҳкими ҳамкории фарҳангӣ миёни кишварҳои узви СҲИ-ро пайгирӣ мекунанд, ишора намуд.

Январь 6, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон