НУРИ АБАД ДАР ҚАЛБҲО. Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон бахшида ба 145-солагии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ намоиши китобҳо идома дорад
ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар қироатхонаи «Ӯзбекистон»-и Китобхонаи миллии ба номи Алишер Навоӣ дар Ӯзбекистон намоишгоҳи китобҳо бахшида ба 145–солагии маорифпарвар, яке аз роҳнамоёни маънавии ҳаракати ҷадидия, ношир ва сиёсатмадор Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ идома дорад, хабар медиҳад АМИТ « Ховар» бо истинод ба АМИ «УзА».
Дар намоишгоҳ асарҳо ва китобҳое ба маърази намоиш гузошта шудаанд, ки аз ҳаёт ва фаъолияти маорифпарвар Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ қисса менамоянд.
Таври маълум, ӯ соли 1875 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Дар радифи адабиёт ва таърих вай ҷиддан ба сиёсатшиносӣ мароқ зоҳир мекард. Аз тариқи рӯзнома ва маҷаллаҳо аз рӯйдодҳои ҷаҳон мунтазам огаҳӣ меёфт. Бо нияти зиёрати Макка забони арабӣ, таърих ва назарияи исломро низ омӯхт .
Дар ташаккули ҷаҳонбинии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ рӯйдодҳои таърихие, ки дар ибтидои асри 20 рух додаанд, нақши калон бозиданд. Беҳбудӣ бунёдгузори маҷаллаи «Ойина» буд, ки дар шаҳри Самарқанд интишор меёфт. Солҳои 1912 -13 Беҳбудӣ барои нашри рӯзномаи «Самарқанд» бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Аз сафарҳо ба кишварҳои хориҷӣ ӯ беҳтарин китобҳои маорифпарварона ва даструҳои таълимиро барои мактабҳои шакли нав меовард. Барои дар мактабҳои мусулмонӣ ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим ва як зумра илмҳои дунявӣ мубориза мебурд.
Ӯ ба зудӣ ҳамчун маорифпарвар ном бароварда, ба эҳтироми мардум сазовор гардид. Чун инсони соҳибфарҳанг Беҳбудӣ тарғибгари доимии мероси умумиинсонии фарҳангӣ буд.
Қуллаи баландтарини истеъдоди нависандагии Беҳбудӣ драмаи ӯ «Падаркуш» мебошад, ки соли 1911 эҷод гардид.
Маҳмудхоҷа муаллифи беш аз 200 асар мебошад, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ чоп шудаанд, аз ҷумла «Мунтахаби ҷуғрофияи умумӣ» (1903), «Китоб-ул –атфол» ( 1904) ва боз бисёр дигарҳо.
АКС аз «УзА»








ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид






