ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид шуда, борон ва барф меборад

Январь 24, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 24.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  24 январ дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво боқӣ монда, дар водиҳо борону барф ва дар доманакўҳҳо барф меборад. Дар  баъзе ноҳияҳои кўҳии навоҳии тобеи марказ боришот шиддат мегирад. Фаромадани туман аз эҳтимол дур нест.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф меборад.  Дар  шарқи вилоят боридани барфи суст  дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  9-14 ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 24-29 ва рӯзона 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ боришоти сусти борон ва  барф ба амал меояд.  Дар  ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ барф борида,  туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок шуда, дар  ноҳияҳо борон ва барф меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок дар назар буда, дар  ноҳияҳои водигӣ борону барф ба амал меояд.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ барф бошиддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва  рӯзона аз 3 дараҷа хунук  то 2  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо боришоти борон ва  барфи тар ба қайд гирифта мешавад. Туман  мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва  рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад.

Январь 24, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад