«Ҷоми рушд-2020»: имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Исроил вомехӯрад

Январь 21, 2020 09:35

 ДУШАНБЕ, 21.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол имрӯз дар даври дуюми Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2020» дар Минск бо дастаи Исроил вомехӯрад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бозӣ соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал дастаи наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби наврасони Исландия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 27-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расониданд.

Бозии аввали дигари гурӯҳи «В» миёни дастаҳои наврасони Исроил ва Гурҷистон мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.

Дар «Ҷоми рушд-2020» 8 даста дар ду гурӯҳ як давр бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд, дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд. Ҳамчунин бозиҳо барои ҷойҳои панҷуму ҳафтум низ сурат мегиранд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2020»

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Исландия (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 1:2

Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 27 (0:1). Даниэл Деян Ҷурич, 50 – аз пеналтӣ (1:1). Сунатулло Азизов, 75 (1:2).

Исроил (U-17) – Гурҷистон (U-17) – 1:1

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

Белгия (U-17) – Финланд (U-17) – 2:1

Беларус (U-17) – Ӯзбекистон (U-16) – 4:1

Бозиҳои баъдӣ:

Даври 2-юм

21 январ (сешанбе)

14:00 – Исроил – ТОҶИКИСТОН

16:10 – Гурҷистон – Исландия

18:20 – Белгия – Ӯзбекистон

20:30 – Финландия – Беларус

Даври 3-юм

23 январ (панҷшанбе)

14:00 – ТОҶИКИСТОН – Гурҷистон

16:10 – Исландия – Исроил

18:20 – Ӯзбекистон – Финландия

20:30 – Беларус – Белгия

25 январ (шанбе)

 Бозӣ барои ҷои 7-ум

12:00 – 4 «А» – 4 «В»

Бозӣ барои ҷои 5-ум

14:15 – 3 «А» – 3 «В»

Бозӣ барои ҷои 3-юм

16:30 – 2 «А» – 2 «В»

Финал

18:45 – 1 «А» – 1 «В»

Акс аз ФФТ

Январь 21, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад