Пагоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ ҷашни Сада мутантан таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 25.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада доир мегардад. Дар тантанаи мазкур намоиши тухмии зироати кишоварзӣ, техника-олоти кишоварзӣ, зотҳои чорво, хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ярмака-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардонида мешаванд.
Тавре котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷашни Сада ҳунармандон бо барномаҳои фарҳангии худ хотири иштирокдоронро шод мегардонанд. Ҳамчунин дар макони баргузории ҷашн гулхан афрӯхта, ҷавонон намудҳои варзиши миллиро пешниҳоди мардум мегардонанд.
Ёдовар мешавем, ки Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Каюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба андешаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.
Акс аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






