Парвиз Давлатзода бо роҳбарият ва олимони Пажӯҳишгоҳи Россия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Чин мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 январ мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо роҳбарият ва олимони Пажӯҳишгоҳи Россия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти мулоқот Парвиз Давлатзода роҷеъ ба натиҷаҳои асосии рушди устувори Тоҷикистон, таҳаввулоти назаррас дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон изҳори назар намуд. Таъкид гардид, ки таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар, пеш аз ҳама, натиҷаи иродаи қавӣ ва хирадмандии мардуми тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Гузашта аз ин, Сафир дар бораи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё низ изҳори назар намуд. Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҳамкории доираҳои академикии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Акс аз ВКХ ҶТ








Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд






