Покистон барои омода намудани мутахассисони худ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳавасманд аст

Январь 13, 2020 13:34

ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Покистон барои омода намудани  мутахассисони худ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳавасманд аст. Дар ин бора 10 январ зимни мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар зикр гардид.

Тавре ба АМИТ « Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо дурнамои ҳамкории мутақобилан судмандро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Имрон Ҳайдар ҳавасмандии ҷониби Покистонро барои таҳсил намудани  шаҳрвандони ин кишвар дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иброз намуд. «Таваҷҷуҳи шаҳрвандони  Покистон ҷиҳати таҳсил дар ин донишгоҳи тиббӣ сол аз сол меафзояд», — зикр намуд Сафири Покистон дар Тоҷикистон.

Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки дар донишгоҳ барои таҳсил ва зисти шаҳрвандони хориҷӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Январь 13, 2020 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад