Покистон барои омода намудани мутахассисони худ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳавасманд аст
ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Покистон барои омода намудани мутахассисони худ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳавасманд аст. Дар ин бора 10 январ зимни мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар зикр гардид.
Тавре ба АМИТ « Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо дурнамои ҳамкории мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Имрон Ҳайдар ҳавасмандии ҷониби Покистонро барои таҳсил намудани шаҳрвандони ин кишвар дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иброз намуд. «Таваҷҷуҳи шаҳрвандони Покистон ҷиҳати таҳсил дар ин донишгоҳи тиббӣ сол аз сол меафзояд», — зикр намуд Сафири Покистон дар Тоҷикистон.
Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки дар донишгоҳ барои таҳсил ва зисти шаҳрвандони хориҷӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






