Рӯзноманигорони тоҷик дар курсҳои ТАСС такмили ихтисос мекунанд
ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди ҳамкорӣ бо ВАО-и хориҷии русзабон барои рӯзноманигорон курсҳои такмили ихтисос ташкил кард, ки он 23 январ дар шаҳри Москва ба кор оғоз намуд. Ба семинар 40 нафар рӯзноманигор аз Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Туркия, Қирғизистон, Литва, Эстония ва Чехия даъват шуданд.
Бо дастгирии Агентии иттилоотии ТАСС шунавандагонро барномаи пурмуҳтавои иборат аз семинарҳои гуногун, лексияҳо ва машғулиятҳои амалӣ бо роҳбарии омӯзгорони факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Москва интизор аст. Онҳо меҳмононро бо нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ дар шароити рақамигардонии ВАО- и муосир шинос месозанд.
Инчунин масъалаҳои марбут ба хусусиятҳои нави журналистика, сомонаҳои муттаҳидшуда, робитаҳои ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
«Ин шакли машғулиятгузарониро мо бори аввал истифода намудем, — мегӯянд ташкилотчиён. — Дар шароити бозори рушдёбандаи иттилоот табодули таҷриба ва усулҳои кори рӯзноманигории муосир дар байни кормандони матбуоти кишварҳои гуногун муҳим аст».
Бояд зикр намуд, ки ба курсҳои такмили ихтисос мухбирони синни гуногун омадаанд, зеро аз худ намудани малакаи рӯзноманигорӣ хеҷ гоҳ дер намешавад.








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






