Рӯзноманигорони тоҷик дар курсҳои ТАСС такмили ихтисос мекунанд

Январь 27, 2020 10:02

ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди ҳамкорӣ бо ВАО-и хориҷии русзабон барои рӯзноманигорон курсҳои такмили ихтисос ташкил кард, ки он 23 январ дар шаҳри Москва ба кор оғоз намуд. Ба семинар 40 нафар рӯзноманигор аз Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Туркия,  Қирғизистон,  Литва, Эстония ва Чехия даъват шуданд.

Бо дастгирии Агентии иттилоотии ТАСС шунавандагонро барномаи пурмуҳтавои иборат аз семинарҳои гуногун,  лексияҳо ва машғулиятҳои амалӣ бо роҳбарии омӯзгорони факултаи  рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии  Москва интизор аст.  Онҳо меҳмононро бо нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ дар шароити рақамигардонии ВАО- и муосир шинос месозанд.

Инчунин масъалаҳои марбут ба хусусиятҳои нави журналистика, сомонаҳои муттаҳидшуда, робитаҳои ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

«Ин шакли  машғулиятгузарониро мо бори аввал истифода намудем, — мегӯянд ташкилотчиён. — Дар шароити бозори рушдёбандаи иттилоот табодули таҷриба ва усулҳои кори рӯзноманигории муосир  дар байни кормандони матбуоти кишварҳои гуногун муҳим аст».

Бояд зикр намуд, ки ба курсҳои такмили ихтисос мухбирони синни гуногун омадаанд, зеро аз худ намудани малакаи   рӯзноманигорӣ хеҷ гоҳ  дер намешавад.

Январь 27, 2020 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад