Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ кушода шуд

Январь 22, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 22.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз тармаҳо тоза карда шуда,  ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе ва аз Душанбе ба Хуҷанд ба роҳ монда шуд.  Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод. 

Ба иттилои Далери Абдулло, «то ҳанӯз хатари тармафароӣ дар ин минтақа мавҷуд буда, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд».

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 22 январи соли 2020 бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва бениҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар километрҳои 48 то 84  роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дар мувофиқа бо Раёсати БДА Вазорати корҳои дохилӣ ва тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ муваққатан қатъ шуда буд.

Баробари расидани  хабари нав маълумоти иловагӣ  пешниҳод мегардад.

Январь 22, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид