Садамаҳои фоҷеабори нақлиётӣ дар Файзободу Темурмалик: 3 кас ҳалок ва 8 нафар ҷароҳат бардоштанд
ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 19 январ, тахминан соатҳои 09:00, дар ноҳияи Файзобод садамаи нохуши нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷаи он ду кас ба ҳалокат расида, 7 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаву дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни шарҳи ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ масъулин иттилоъ доданд, ки ронандаи мошини тамғаи «КИА РИО», сокини ноҳияи Рӯдакӣ Саъдӣ Нуралиеви 37-сола ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Файзобод ба самти шаҳри Роғун, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «ВАЗ-21010», ки таҳти идораи сокини шаҳри Роғун Мирзоалӣ Кабутови 33 –сола қарор дошт, бармехӯрад.
Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ мусофирони мошини «ВАЗ-21010»- сокинони шаҳри Роғун Сулаймон Раҳимови 33-сола ва Шаъмигул Каримоваи 61-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Мусофирони дигари ин воситаҳои нақлиёт- сокини шаҳри Роғун Ҷонибек Чақалови 38-сола, сокини ноҳияи Файзобод Моҳрухсор Азамови 43-сола, сокинони шаҳри Душанбе Суҳроб Холиқови 25 – сола ва Дилором Зоироваи 41-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Уруна Буриеваи 36-сола ва ронандагон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Тибқи иттилои манбаъ, 17 январ, тахминан соати 16:30, сокини ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Темурмалик, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Вайсиддин Бобоеви 26 – сола ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Темурмалик ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Кангурт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст, ки дар натиҷа мошин ба тарафи рости роҳ сарозер шудааст.
Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ мусофири мошини мазкур, сокини ҷамоати деҳоти Корез Сайдаъзам Талбакови 27-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе доир гардид, вазъи садаманокӣ ва оқибатҳои фоҷиабори онро таҳлилу баррасӣ намуда, гуфта буданд: «Бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки сабаби марги одамони зиёд мегарданд, аз ҷониби шахсоне содир мешаванд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва бо суръати баланд ҳаракат карда, талаботи аломатҳои роҳро дағалона вайрон месозанд».
Бо дарназардошти чунин вазъ, Президенти мамлакат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки дар муддати кӯтоҳ лоиҳаи қонунро доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт, бо суръати баланд ҳаракат кардан ва ба муассисаи таълимӣ бо мошини шахсӣ ҳозир шудани наврасону ҷавонон омода карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
28 августи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расониданд.
Мувофиқи тағйироти ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуд. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазои вазнин таъйин гардида, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол муқаррар карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурӣ масъалаи дар натиҷаи садамаҳои нохуши нақлиётӣ маҷрӯҳ ва ҳалок гардидани шаҳрвандон нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Дар зимн, Раёсати БДА аз тамоми сокинон ва меҳмонони мамлакат даъват ба амал меоварад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои ҳаракат дар онро риоя намоянд, роҳҳои мошингардро аз ҷойҳои муқарраршуда, гузаргоҳҳои зеризаминию рӯизаминӣ гузашта, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






