САПЕДАДАМИ ДОНИШ. Ва ё Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба мо чӣ дод?

Январь 21, 2020 12:30

ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»-ро метавон бидуни шубҳа, яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат номид. Ин озмун воқеан шабеҳи субҳе буд, ки бо фурӯғи равшани худ  ҳаёти моро, хусусан ҳаёти наврасону кӯдакони ҷумҳуриамонро мунаввар кард. Ин сапедадами дониш муҳаббати фарзандони моро ба китоб бедор кард, дари китобхонаҳоро боз намуд, китобро то ҷойе даст ба дасти мардум ва хусусан наврасону ҷавонон намуд.

Аввалин падидаи нишотбахш он буд, ки ангезишҳои ин озмун ҳамаи мамлакатро фаро гирифт. Ва нахустин таассуроти нишотбахш он аст, ки  озмун собит кард: миллати тоҷик миллати китобхон аст.

Яъне дар сиришти поки ин халқи соҳибтамаддун ва фарҳангсолор ҳанӯз оташи фарҳангу маърифат боқист ва метавон ҳар лаҳзае онро фурӯзон сохт. Бале, дар ҳамин заминаи маънавӣ буд, ки гузаштагони арҷманди мо теъдоди зиёди нобиғагон, шоирону олимонро ба арсаи ҷаҳонӣ оварданд. Ҳамин замина буд, ки халқи мо дар таърихи пурғановаташ соҳиби бузургтарин хазинаҳои китобҳои баландмояву баландпоя гардид, ки имрӯз бо онҳо ифтихор мекунем.

Инак, мехоҳем чанд нуктаеро, ки ҳосили мушоҳидаҳо аз  Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аст мавриди андеша қарор диҳем, то барои фарогирии бештари минбаъда ва баланд бардоштани сатҳу сифати он раҳнамо бошад.

Аввалин нуктаи нишотбахш ин аст, ки озмун тавонист таваҷҷуҳи мардум, хусусан ҷавононро ба китоб бедор кунад. Рӯ овардан ба китоб, яъне рӯ овардан ба илму дониш, фазилат, фарҳангу одоб ва маърифат аст, ки дар ҷомеаи мо ҳамеша мақоми баланд дошт. Китоб сарчашмаи дониш аст, дониш асоси пешрафту музаффариятҳои маънавии инсоният. Зеро дониш, пеш аз ҳама, сарчашмаи касбу ҳунар, тавоноӣ ва қудрати инсон аст.  Ҳунар дар навбати худ пояи мустаҳками ҳастӣ ва мавҷудияти инсон мебошад.

Нуктаи дуюм  ин аст, ки озмун барои миллати соҳибистиқлоли мо, ки дар ин марҳила ба бунёд ва эҳёи дубораи маънавии  худ машғул аст, рӯ овардан ба асолати миллист. Зеро асолати миллии мардуми мо дар тӯли таърихи дарозу гаронаш эҷод ва офариниши илму адабу фарҳанги баландпоя будааст. Беҳтарин дастовези таърихии миллати мо китоб аст. Хушбахтона, мо аз миллатҳое ҳастем, ки бузургон ва нобиғагонеро ба дунё додааст, ки хазинаҳои маънавии башариятро ғанӣ намудаанд. Кам миллате метавонад бо чунин теъдоди олимону адибон ва хазинаҳои китоб ифтихор дошта бошад. Аз ин рӯ барои Тоҷикистони навбунёду соҳибистиқлоли мо ин озмун беҳтарин иқдом аст, ки дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои шинохти ҳувияти миллии худ метавонад саҳми бориз гузорад.

Сеюм, ин озмун такони гарме ба ҷомеа дод. Арзиши китобро боло бардошт, мардумро ба китобхонӣ ҳавасманд кард, ки ин дар даврони эҳёи худшиносии миллӣ хеле муҳим аст.

Чаҳорум нуктае, ки пас аз  амалӣ гардидани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба мушоҳида меояд, ин аст, ки ин иқдоми Пешвои миллати тоҷикон мисли чандин иқдомҳои дигари гузаштаашон на танҳо дар мамлакати мо, балки берун аз он таъсиргузор гардидаву ангезишҳо дод.

Биёед, ба ёд орем, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон чӣ гуна намунаи омӯзиш барои фароҳам овардани сулҳу салоҳ дар байни гурӯҳҳои даргир гардид. То дер муддате ин таҷриба намунаи ибрати кишварҳои дигар шудаву аз ҷониби онҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта буд.

Иқдоми дигари Пешвои миллати мо дар мавриди роҳандозӣ намудани танзими маъракаву суннатҳо, вақте ки натиҷаҳои мусбати зиёде дод, барои дигар кишварҳо низ  падидаи неку ибратбахш гардид. Аз ҷумла, он  аз ҷониби ҳамсоягони ҳамҷавори мо ӯзбекҳо мавриди қабул ва истифода қарор ёфт. Ҷолиб аст, ки имрӯз  таҷрибаи танзими маросиму ойин ва анъанаҳои моро ҷумҳурии Озарбойҷон мавриди омӯзиш ва истифода қарор додааст. Ва аминем, ки ин таҷриба идома меёбад.

Ҳамчунин иқдоми Пешвои миллати мо дар мавриди ҳифзи оби тоза, захираҳои обҳои ошомиданӣ дар дунё аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва  мавриди амал қарор гирифт.

Инак Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» низ ҳамон ангезишҳои дунёиро метавонад бидиҳад. Зеро падидаи кам шудани китобхонӣ, коҳиши нашри китоб ва харидории он дар ҳама ҷаҳон масъалаест, ки ҷомеаро ба ташвиш гузоштааст.  Аммо, бубинед, ки боз ҳам хиради зотӣ ва закои Пешвои миллати мо пешдасти ҳодисот гардид ва дар ҳалли ин мушкилӣ бо ташаббуси ҷолиб ҳиссагузор шуда, қадамҳои устувори аввалро гузоштанд. Банда аминам, ки ин иқдоми Пешвои миллатамон низ мактаби омӯзиш барои дигарон хоҳад буд. Албатта, ин ифтихори мост, ки мо чунин Пешвои ташаббускор ва закию эҷодкор дорем.

Пас аз баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» падидаи дигари хурсандибахш дар муносибат ба китоб ва сиёсати китобдорӣ дар Паёми навбатии Пешвои миллатамон ба зуҳур пайваст. Ин хушхабар аз дастгирии озмуни мазкур ва ҳамасола тарҳрезӣ гардидани он аз ҷониби Пешвои миллат буд. Дар Паём ироа гардид, ки  минбаъд ҳар сокини Тоҷикистон вазифадор аст камаш панҷ китоби бадеӣ мутолиа кунад. Мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои давлатӣ, идораву ташкилот вазифадор карда шуданд, ки барои харидории китобҳо минбаъд маблағҳо ҷудо кунанд. Воқеан ин ташаббусҳои Пешвои миллат падидаҳои бесобиқаанд ва умеди моро ба эҳёи муҳити китобхонӣ, баланд шудани сатҳи фарҳангиву маърифатии сокинони мамлакат ва хусусан наврасону ҷавонон умедвор мекунанд.

Бо вуҷуди бори аввал пешниҳод шуданаш, бояд гуфт, ки озмун хеле хуб ва ҳамаҷониба оқилона тарҳрезӣ шуда буд. Ҳама номинатсияҳои пешбинишуда низ ҳадафноку бамаврид таҳия гардидаанд. Танҳо дар мавриди номинатсияи “Шоҳҷоиза” андешае пешниҳод гардид, ки ин номинатсия набояд алоҳида роҳандозӣ шавад. Шоҳҷоиза бояд ҳосил ва натиҷаи ҷамъбасти кори номинатсияҳои дигар, яъне кулли озмун гардад. Яъне аз байни ғолибони ҳар номинатсия барандаи Шоҳҷоиза муайян карда шавад ва ин ба гумони мо андешаи дуруст аст.

Аммо бояд гуфт, ки бо вуҷуди  бори аввал гузаронида шудани озмун довталабон ба он асосан бо масъулияти баланд ва омодагии ҷиддӣ ҳозир шуда буданд. То ҷойе, ки барои ҳакамон  муайян кардани ғолибон ва соҳибҷоизаҳо сахт мушкил гардид, зеро теъдоди довталабони сазовори ҷоизаҳо зиёд буданд. Пас аз ин қадар омодагиҳои ҷиддӣ ва тайёриҳои пухта, шоиста нест, ки довталабони сазовори ҷоиза дилшикаставу ноумед аз озмун бозгарданд. Аммо танҳо се ҷоиза: яъне яктоӣ ҷойҳои аввалу дуюму сеюм, ба андешаи мо барои қадрдонии сазовори довталабон кифоя нест. Ва ин сабаби  дилсард шудани иштирокчиён дар озмунҳои минбаъда шуда метавонад. Довталабе, ки сазовори ҷоиза набуд, худ инро ҳис хоҳад кард ва дар оянда омодагии беҳтар хоҳад дид. Аммо барои довталабе, ки арзанда буду бе ҷоиза монд, хуб нахоҳад шуд.  Аз ин рӯ аввалан пешниҳод мекунем, ки дар озмунҳои оянда теъдоди  ҷойҳои дуюм ва сеюм сетоӣ бошанд.

Хеле хуб шуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми мамлакат  фавран як  ҷоизаи махсус ва чанд ҷоиза барои ҳавасмандкунии кадбонуҳои китобхон, довталабони куҳансол ва иштирокчиёни хурдсол роҳандозӣ шуд. Аммо бо вуҷуди ин чандин нафар довталабони сазовор бе ҷоиза монданд.

Аз ин рӯ пешниҳоди дигар ин аст, ки теъдоди ҷоизаҳои хосса бештар бошад ва мувофиқи талаботи пешниҳодшуда дар озмун барои сифатҳои дигари довталабон, аз ҷумла саҳнаороӣ, ровигӣ, луғатдонӣ ва ғайраҳо низ хуб мебуд, то ҳадди имкон ҷоизаҳои махсус таъсис дода шаванд.  Бад-ин тариқ дар оянда  ҳавасмандии довталабонро  ба касбу ҳунарҳои дигар, аз ҷумла забоншиносӣ, ровигӣ, ҳунарпешагӣ, барандагӣ ва ғайраҳо метавон  бедор кард.

Мо аминем, ки Комиссияи бонуфузи Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки тавонист озмунро ба падидаи дурахшони замони муосир табдил диҳад, низ метавонад бо таҳриру иловаҳои даркорӣ  сатҳи онро боз ҳам баландтар бардорад ва саҳми бузурге дар  пешрафти маънавиёти ҷумҳурӣ бигузорад.

Яъне Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» — ин сапедадами дониш бо ҳузури ҳамарӯзаи худ ҳаёти маънавии мамлакатро боз ҳам равшантар хоҳад кард.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»,
узви ҳакамони Озмуни ҷумҳуриявии
«Фурӯғи субҳи доноӣ…»

Январь 21, 2020 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд
Имрӯз ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷоизаҳо супорида шуданд
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Волидони ғолибони озмун сазовори нишони «Маърифатпарвар» гардиданд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд