Си Ҷинпин талаб кард, ки муқовимат бар зидди эпидемияи коронавирус пурзӯр гардад

Январь 28, 2020 11:37

ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз ташкилотҳои ҳизбии тамоми сатҳҳо талаб кард, ки дар  мубориза бо паҳншавии эпидемияи намуди  коронавирус   тадбирҳои қатъӣ андешанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод  ба телевизиони марказии Чин хабар медиҳад.

«Си Ҷинпин аз ташкилотҳои  ҳизбии ҳама сатҳҳо ва оммаи васеи кадрҳо талаб намудааст, ки  дар якҷоягӣ қарорҳои Кумитаи марказии ҲКЧ-ро бетаъхир иҷро намуда,  бо такя ба  оммаи васеъ  бар зидди  эпидемия мубориза  бурда, онро мағлуб созанд», —  хабар додааст шабакаи телевизионӣ. 

Қаблан рӯзи душанбе  бо супориши  Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин  Сарвазири Шӯрои давлатӣ Ли Кэтсян ба Вухан, ки маркази эпидемия мебошад, ташриф овард. Вай корҳои  мубориза бо эпидемияро  назорат бурда, ҳамзамон  бо табибон ва беморон мулоқот  кард.

31 декабри соли 2019 мақомоти Чин ба  Ташкилоти  Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар бораи хурӯҷи бемории пневмонияи номаълум дар шаҳри Вухан, воқеъ дар қисми марказии  мамлакат  хабар доданд.   Мутахассисон  ангезандаи бемориро муайян карданд — ин  коронавируси 2019-nCoV аст.

Берун  аз қаламрави Чин   хурӯҷи ин вирус  дар Гонконг, Макао, Тайван, Таиланд, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Канада, Ветнам, Сингапур, Непал, Франсия, Австралия ва Малайзия ба қайд гирифта шудааст.

Январь 28, 2020 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид