Собиқадори АМИТ «Ховар» Олег Соболев бо медали ҷашнии «75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» сарфароз гардонида шуд

Январь 28, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Собиқадори матбуоти тоҷик, собиқ шореҳи АМИТ «Ховар» Олег Соболев аввалин шуда дар Тоҷикистон аз номи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо медали ҷашнии «75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» сарфароз гардонида шуд. Маросими супоридани медал дирӯз дар Душанбе ба ифтихори 76-умин солгарди пурра аз муҳосираи фашистӣ озод гардидани шаҳри Ленинград баргузор гардид.

Зимни ин маросим Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов тазаккур дод, ки Олег Соболев намунаи қаҳрамонӣ, ҷасорат ва ватандӯстӣ мебошад.

Олег Дмитриевич ихтиёрӣ ба ҷабҳа (фронт) рафта, дар синни 17 дар ҳайати баталёни қиркунандаи 78-ум дар наздикии Стрелна дар масофаи 7 километр дуртар аз Петергоф бори аввал дар ҷанг иштирок кардааст. Пас аз як сол ӯро ба бригадаи 50-уми пиёдагарди баҳрӣ интиқол доданд ва дар он ҷо боқимондаи хидматашро барои ҳимояи Ленингради муҳосирашуда адо кард. Олег Соболев тамоми ҷабҳаи ҷангро тай карда, то Берлину Прага расид. Барои хидмати ҳарбӣ собиқадори ҷанг бо ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1, медалҳои «Барои мудофиаи Ленинград», «Барои озод кардани Прага», «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ва дигарон, инчунин нишони сарисинагии «Муҳофизи платсдарми Ораниенбаум» сарфароз гардонида шудааст. Моҳи июли соли 1954 Соболев бинобар саломатиаш аз хизмат озод шуд ва дар Сталинобод зиндагӣ кард.

Фаъолияти журналистии ӯ аз соли 1954 дар шуъбаи тарғиботии ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») шуруъ шудааст. Солҳои 1955-1956 ҳамчун ёрдамчии Вазири фарҳанги ҶШС Тоҷикистон фаъолият карда, аз моҳи марти соли 1956 тӯли ду сол ба ҳайси мудири шуъбаи ҳаёти комсомолӣ дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» адои вазифа намудааст. Аз моҳи марти соли 1958 то моҳи марти соли 1959 дар вазифаи мудири шуъбаи саноат ва сохтмони рӯзномаи «Сталинобод» буд. Аз моҳи марти соли 1959 то 1 январи соли 2013 дар ТоҷикТА (ҳозира АМИТ «Ховар») кор кардааст. Ӯ ба ҳайси хабарнигор, муҳаррир, сармуҳаррири ахборномаи иттилоотии ҷумҳуриявӣ ва муҳаррири иттилооти иттиҳодӣ ва хориҷӣ дар ҳайати таҳририяи ТАСС ва инчунин шореҳи илмии агентӣ кор кардааст. Таҷрибаи умумии кории ӯ дар ТоҷикТА — АМИТ «Ховар» 54 сол ва бо назардошти кор дар дигар расонаҳои чопии Тоҷикистон — 68 сол мебошад.

Олег Дмитриевич дар илм ва ҳаёти фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бузург гузошта, муаллифи китобҳои «Субҳи ҳафтсола», «Дар бораи об бо муҳаббат», «Шумо, журналисти ҷавон!» мебошад.

Соли 2005 маҷмӯаи шеърҳои ӯ «Ту зан ҳастӣ!» («Ты — женщина!») чоп гардид. Баъдан китобҳои ӯ «Очеркҳо дар бораи олимони Тоҷикистон», «Вохӯриҳо бо одамони наҷиб», «Ҷанг, Ғалаба, қалб, дард», «Ҷабҳаҳои илмҳои табиӣ» ба табъ расиданд. Соли 2013 китоби «Дар наздикии Ленинград дар рӯзҳои муҳосира» нашр шуд.

Ӯ зиёда аз 50 сол узви Иттифоқи журналистони ИҶШС буд ва соли 2014 бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Январь 28, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид