Суғд: Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид

Январь 17, 2020 15:29

ДУШАНБЕ, 17.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2019 барои муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, барои харидории таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 млн. сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 5,0 млн. сомонӣ, буҷетҳои маҳаллӣ 7,5 млн. сомонӣ ҷудо гардида, аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстона 3,2 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби суратҳисоби махсуси муассисаҳо 3,2 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар вилоят беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта, ба аҳолии вилоят 5143 табиб ва 17393 корманди миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд.

Акс аз бойгонӣ

Январь 17, 2020 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд