Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя 1,5 миллион тонна семент содирот намудааст

Январь 20, 2020 12:20

ДУШАНБЕ, 20.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли гузашта 4,2 миллион тонна семент истеҳсол карда, 1,5 миллион тоннаи онро ба кишварҳои хориҷӣ  содирот намудааст. Аз ин 890 ҳазор тонна ба Ӯзбекистон, 576 ҳазор тонна ба  Афғонистон ва беш аз 80 ҳазор тонна  ба Қирғизистон  рост меояд. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент 68,1 миллион долларро ташкил медиҳад. 

Инчунин соли гузашта  аз Тоҷикистон ба давлатҳои ҳамсояи Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон қариб 400 ҳазор дона гаҷкартон  содирот гардидааст, ки ин раванд пайкест аз афзоиши иқтидори содиротии мамлакат. Ҳаҷми истеҳсоли  гаҷкартон дар мамлакат соли 2019 ба 1,4 миллион дона расонида шуд.

Ҳамзамон соли сипаригардида ба Тоҷикистон аз давлатҳои хориҷӣ ба маблағи 17,6 миллион доллар кошин, 9,7 миллион доллар шиша, 2,4 миллион доллар маснуоти санитарӣ ва 2,8 миллион доллар гаҷкартон воридот гардидааст. Дар маҷмӯъ ҳаҷми содироти масолеҳ 68,4 миллион доллар ва ҳаҷми воридот 42,9 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 25,4 миллион доллар зиёд мебошад.

Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, корхонаҳои  истеҳсолии соҳаи масолеҳи сохтмонӣ  соли гузашта ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2018 345,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.  Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ моҳи декабр 7,2 ва дар сол  10 фоизро ташкил дод.  Истеҳсоли хишт ба 159,1 миллион дона, газоблок 36,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1,5 миллион метри мукааб,  шифер 1,3 миллион дона баробар шудааст.

Тибқи хабари сарчашма, соли гузашта корхонаҳои истеҳсоли семент- «Моҳир семент»-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ, истеҳсоли шифери «Муқим-1»-и ноҳияи Ёвон, «Анас Одина»-и шаҳри Ҳисор, «Сомоншифер»-и шаҳри Душанбе, корхонаи коркарди сангҳои ороишии «Зиркон» дар шаҳри Душанбе, корхонаи истеҳсоли хишти «Белтатекс»-и шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуданд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат вобаста ба ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии босуръати мамлакат корхонаи шифери «Сомоншифер» дар шаҳри Душанбе  корхонаи  истеҳсоли шиферҳои асбестиро мавриди истифода қарор дод. Он моҳи сентябри соли 2019 ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намуда, дар ин давра 343,5 ҳазор дона шифер ба  маблағи 7,8 миллион сомонӣ истеҳсол намуд. Бо ба истифода додани корхонаи мазкур 62 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва  музди меҳнати доимӣ таъмин гардиданд.

Инчунин корхонаи нави истеҳсоли шифери «Анас Одина»-и шаҳри Ҳисор ки соли 2019 ба фаъолият оғоз кард, 28,2 ҳазор дона шифер ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ истеҳсол намудааст. Дар ин корхона 15 ҷойи кор муҳайё гардидааст. Мусаллам аст, ки маҳсулоти истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Январь 20, 2020 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд