ТОҶИКИСТОН — САРЗАМИНИ БЕНАЗИР. Имрӯз дар Душанбе ғолибони озмунҳои бахши сайёҳӣ эълон шуданд

Январь 10, 2020 13:02

ДУШАНБЕ, 10.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе озмунҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷамъбаст шуда, ғолибон муайян ва бо ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд. Озмунҳои «Беҳтарин армуғони сайёҳӣ», «Беҳтарин мақолаи сайёҳӣ», «Беҳтарин нақшаи тиҷоратӣ дар соҳаи сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин минтақаи сайёҳӣ», «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин осоишгоҳ ва истироҳатгоҳ», «Беҳтарин мағозаи фурӯши армуғон», «Беҳтарин роҳбалад», «Хатсайри нави сайёҳӣ», «Сомонаи ҷолиби сайёҳӣ» ва «Ҷолибтарин ролики сайёҳӣ» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бештару беҳтар тарғиб намудани имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонт дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардиданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин ҳамоиш  хабар медиҳад, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода маросимро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар Паёми имсола зикр карданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.

Ҳамин тариқ тибқи натиҷаҳои озмунҳо дар номинатсияи «Мақолаи беҳтарин» оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар ҷойи якум Ҳукмиддин Файзуллоев, ҷойи дуюм Мунаввари Ғайрат ва ҷойи сеюм Наргис Каримова ғолиб дониста шуданд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Таҳияи беҳтарин нақшаҳои тиҷоратӣ» оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ҷойи якум насиби Нозанин Шарипова, ҷойи дуюм Аниса Нажмутдинова ва ҷойи сеюмро Сомон Убайдуллоев сазовор гардиданд.

Барои  иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ дар байни ҳунармандони мамлакат оид ба истеҳсоли армуғони беҳтарин ба сайёҳон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Сайбибӣ Баротова, Абдуқаюм Хокироев, Шуҳрат Ҳакимов, Иқбол Абдураҳмонова, Эшонҷон Маликов, Амина Исмонова, Давлатбӣ Ёдгорова, Фозилҷон Носиров, Иброҳим Мирзоев, Зуҳро Бердова, Усто Дона Зиёев, Хайринисо Сангакова ва Аспармо Мавлоназарова соҳиби ҷоиза гардиданд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии сайёҳии «Пешниҳоди ман» дар номинатсияи «Хатсайри нави сайёҳӣ» ҷойи якумро Туйчӣ Икромов, ҷойи дуюмро Авазхон Сироҷов ва ҷойи сеюмро Қутбиддин Раҷабов сазовор гардиданд.

Ҳамчунин дар Озмуни ҷумҳуриявии сайёҳии «Пешниҳоди ман» дар номинатсияи «Сомонаи ҷолиби сайёҳӣ» ширкатҳои сайёҳии ҶДММ «Роҳат тур» дар ҷойи якум, ҶДММ «Панҷакент интур» ҷойи дуюм ва ҶДММ «Бадахшон Тревл» ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Дар номинатсияи «Ҷолибтарин ролики сайёҳӣ» дар Озмуни ҷумҳуриявии сайёҳии «Пешниҳоди ман» ҷойи якумро Афзалшоҳ Баҳодуров, ҷойи дуюмро Неъматулло Неъматов ва ҷойи сеюмро Абдувалӣ Нодиров сазовор гардиданд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин меҳмонхона» дар Озмуни ҷумҳуриявии сайёҳии «Сарзамини беназир» бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ меҳмонхонаҳои «Ҳаятт Реҷенсӣ Душанбе», «Серена — Душанбе», «Хилтон — Душанбе», «Тоҷикистон», «Суғдиён», «Рамз», «Карон», «Атлас», «Роҳат» ҳамчун беҳтаринҳо дар самти пешниҳоди хизматрасонӣ ба сайёҳон номида  шуданд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин минтақаи сайёҳӣ» минтақаҳои сайёҳии «Қалъаи Ҳисор», Ширкенту Қаратоғ, «Қалъаи Ҳулбук», ёдгории таърихии «Аҷинатеппа» ва «Сафеддара» мақоми намоёнро ишғол карданд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин осоишгоҳ ва истироҳатгоҳ» дар Озмуни ҷумҳуриявии сайёҳии «Сарзамини беназир» осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои «Зумрад», «Сангчашма», «Баҳористон», «Хоҷа Оби Гарм», «Гармчашма», «Зайрон» ва «Тосқалъа» ба ҳайси беҳтаринҳо ғолиб дониста шуданд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин мағозаи фурӯши армуғон»  мағозаҳои армуғонии «Дунёи Атлас», «Майрамбӣ» ва «Рухом» ғолиби озмун дониста шуданд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин роҳбалад» Умарҷон Ҷалолов, Адиб Ҳамроҳзода, Зайнуллобиддин Кубодов, Абдулалӣ Бахталиев ҳамчун ғолиб дониста шуданд.

Дар номинатсияи «Ширкати беҳтарини сайёҳӣ» дар самти воридотӣ ҷойи якумро ширкати сайёҳии ҶДММ «Ориент Адвентур», ҷойи дуюм ҶДММ «Куҳандиз» ва ҷойи сеюмро ҶДММ «Саёҳатҳои кӯҳии Помир» ишғол намуданд.

Дар номинатсияи «Ширкати беҳтарини сайёҳӣ» дар самти сайёҳии дохилӣ ҷойи якум насиби Ташкилоти ҷамъиятии «Сайри ҷаҳон», ҷойи дуюм ҶДММ «Ҷавоҳир сайр» ва ҷойи сеюмро ҶДММ «Симот» насиб гардиданд.

Ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар баробари ҷоизадорон, ҳамчунин як зумра вазорату идораҳо, намояндагони ВАО ва дигар шарикон барои ҳамкории судманд дар таблиғу ташвиқи захира ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ бо Сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин радиф, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» барои ҳамкории судманд дар тарғиб ва инъикоси имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуд.

Ёдовар мешаем, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи соҳаи сайёҳӣ, муаррифии маконҳои таърихию сайёҳӣ ва мероси гаронарзиши ёдгориҳои бостонӣ АМИТ «Ховар» дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 дар сомонаи Агентӣ таҳти унвони «Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ» рубрикаи нав боз намуд. Дар ин рубрика маводҳо доир ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, маконҳои таърихию тамошобоб, ёдгориҳои бостонӣ, обҳои мусаффо ва манзараҳои биҳиштосои Ватани маҳбубамон ҷой дода шудаанд, ки метавонанд барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо мусоидат намоянд.

Январь 10, 2020 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст