Тоҷикистон умед дорад, ки бо ҷониби Қирғизистон ҷиҳати пешгирии ташаннуҷи минбаъда дар сарҳад ба созиш мерасад

Январь 13, 2020 17:16

ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазир Азим Иброҳим шоми имрӯз ба шаҳри Исфара сафар кард ва  дар он ҷо 14 январ бо ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти сарварии муовини сарвазир Жениш Разоқов гуфтушунид анҷом хоҳад дод. Музокирот пагоҳ соати 10-и субҳ оғоз меёбанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ёрдамчии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Одинаев хабар медиҳад.

Ба ҳайати Тоҷикистон Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Раиси КДАМ Саймумин Ятимов, Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ шомил мебошанд.

Ба ҳайати Қирғизистон низ роҳбарони Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти сарҳади давлатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва инчунин намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ шомиланд.

Зимни мулоқот вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, тадбирҳои минбаъда барои мӯътадилсозии он, масоили таҳкими амнияти сарҳад, чораҳои пешгирикунанда барои ҷилавгирӣ аз  ҳодисаҳои фаромарзӣ, инчунин масоили тақвияти делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ мешаванд.

Бино ба гуфтаи ёрдамчии муовини Сарвазир, имрӯз ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи қитъаҳои баҳсталаби сарҳадот гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда, ки ба ҳайати онҳо харитасозон, заминченкунон ва коршиносон шомиланд, машғул мебошанд.

Пагоҳ ҳамчунин дар доираи музокирот мулоқотҳои ҷудогонаи роҳбарони Прокуратура, ВКД, хадамоти сарҳадии ду давлат дар назар аст.

Бояд тазаккур дод, ки мулоқот дар асоси тавофуқи президентони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, ки рӯзи шанбеи гузашта, 11 январ пас аз суҳбати телефонӣ ба даст омад, сурат мегирад. Сарони ду давлат аҳамияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро оид ба масъалаҳои сарҳадот таъкид карданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод, охири ҳафтаи гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ рух дод.

Чунончи, 10 январи соли 2020, соати 17:15 дақиқа, сокини маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон Сайдалӣ Нарзиев аз боми манзили истиқоматии худ  санг партофта, тирезаи нонвойхонаи маҳаллаи Сомониёнро шикастааст.

Соатҳои 00:30 то 00:50 дақиқаи шаби 11 январи соли 2020 сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканд бо мақсади тарсонидани сокинони маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара аз силоҳи шикорӣ қариб 15 маротиба ба ҳаво тир холӣ карданд. Ҳамзамон, соати 01:50 дақиқа гурӯҳи сокинони маҳаллаи Коктош манзили истиқоматии сокини маҳаллаи Сомониён Давлатбой Насриддиновро сангборон намуда, аз яроқи шикорӣ ба дарвозаи ӯ тир холӣ карданд. Бо дахолати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сарҳадбонони ҳарду ҷониб, амалҳои иғвогаронаи сокинони маҳаллаи Коктош сари вақт қатъ карда шуд. Ҷониби қирғиз ба ин нигоҳ накарда  аз соати 02:20 дақиқа аз силоҳи шикорӣ 7 маротиба ва аз соати 05:00 то соати 06:30 дақиқа аз силоҳи оташфишони автомати Калашников ба ҳаво тир холӣ карданд.

«Ҳайати Душанбе умед дорад, ки дар Исфара бо намояндагони Бишкек ҷиҳати пешгирии ташаннуҷ дар сарҳад ва масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор дар ташкили муноқишаҳо дар сарҳади ду давлат ба тавофуқ мерасад», — зикр намуд ба АМИТ «Ховар» ёрдамчии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ДАР АКС: Азим Иброҳим ва Жениш Разоқов. Акс аз АИ «Кабар»

Январь 13, 2020 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии хизмати ҳарбӣ доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1130 то 0.1105 сомонӣ муқаррар шудааст
Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар тамринҳои байналмилалии ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар Британияи Кабир иштирок намуданд
Gallup: Тоҷикистон аз ҷиҳати амну субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи якум қарор гирифт
Тоҷикистон ба даҳгонаи давлатҳои амнтарини ҷаҳон шомил шуд
Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии амнияти ҷамъиятӣ иштирок намуд
Шурои байнидавлатии ҳолатҳои фавқулода масоили бартарафсозии офатҳои табииро баррасӣ намуд
Дар Душанбе амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» оғоз шуд
Низомиёни тоҷик дар тамринҳои «Марз-2025» иштирок доранд
Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ИДМ доир мешавад
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо коррупсия ҳамоиш доир гардид