Яке аз ширкатҳои пешсафи Ӯзбекистон ният дорад дар Тоҷикистон корхонаи равғани растанӣ таъсис диҳад
ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз ширкатҳои пешсафи Ӯзбекистон «Прогресс бизнесиндастр» ният дорад дар қаламрави вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ таъсис диҳад. Дар ин бора зимни вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари ширкат Шуҳрат Тошев гуфтушунид ба амал омад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди робитаҳои иқтисодӣ ва фаъолнокӣ дар ин самт табодули назар намуда, ҳавасмандии худро дар рушди муносибатҳо изҳор сохтанд.
Таъкид гардид, ки ширкат дар вилояти Тошканд ҷойгир буда, дар самти истеҳсоли равғани офтобпараст фаъолият дорад. Маҳсулоти корхона асосан дар бозори дохилӣ, ҳамчунин дар Афғонистон ва Қирғизистон ба фурӯш бароварда мешавад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷонибҳо бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои сохтани корхонаи муштарак ҳамкорӣ менамоянд.








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






