Элис Уэллс: «Давлати Исломӣ»* дигар наметавонад ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон таҳдиди хатар кунад»
ДУШАНБЕ, 08.01.2020/АМИТ «Ховар»/. «Зимни сафари дурӯзаам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони мақомоти гуногуни Тоҷикистон- вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мулоқот анҷом дода, вазъи феълӣ ва масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Амрикоро матраҳ намудам», — изҳор намуд муовини якуми Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна Элис Уэллс дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе оид ба натиҷаҳои сафараш.
Элис Уэллс гуфт, ки дар ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбарону намояндагони мақомоти гуногуни Тоҷикистон масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, бахусус амнияти минтақа ва раванди сулҳ дар Афғонистон, таҳкими ҳифзи марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир-терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардиданд.
«Ҳамзамон зимни сафар ба Тоҷикистон ба ман имкон дод, ки ба минтақаи сарҳадии Панҷ, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон равам ва бо инфрасохтори ин нуқтаи сарҳадӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, амнияти минтақаро таъмин менамояд, шинос гардам. Инчунин аз муассисаи тиббӣ, воқеъ дар вилояти Хатлон боздид намудам»,- афзуд Элис Уэллс.
Инчунин бо дахли таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Амрико Элис Уэллс зикр кард, ки аз соли 2002 инҷониб Амрико ба ин давлат 200 миллион доллар дар самти таъмини таҷҳизот барои таҷдиди инфрасохтори мақомоти гуногуни Тоҷикистон ва рушди иқтисоди он кумак расонидааст. Ин кумакҳо ба пешрафти мамлакат нигаронида шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки муовини якуми Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Элис Уэллс дар ҳошияи сафари дурӯзааш ба ҷумҳурии мо ҳамзамон дар Душанбе бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мулоқот намуд, ки дар он масъалаҳои марбут ба таъмини озодии сухан, матбуот, дин ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон матраҳ гардиданд.
Дар иртибот ба ташаннуҷи вазъият дар Шарқи Наздик муовини якуми Ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ эҳтимоли оғози ҷанг миёни ИМА ва Ҷумҳурии Исломии Эронро рад намуда, иброз дошт, ки тамоми тадбирҳое, ки ИМА нисбат ба Эрон меандешанд ва амалӣ мегардонанд, тадобири ҳамсон ва ҷавоб ба амалкарди худи Ҷумҳурии Исломӣ аст.
Мавсуф иброз намуд, ки мақсади Амрико таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон буда, аз ҷанг худдорӣ менамояд. Бино ба суханони ӯ, дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҳанӯз ҷамъшавии ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати Исломӣ»* ба мушоҳида мероасад. Аз ин лиҳоз қувваҳои мусаллаҳи Амрико раванди зарба задан ба ин ҷинояткоронро минбаъд низ беист идома хоҳанд дод, то замоне, ки ҳама итминон пайдо кунанд, ки ДОИШ* дигар наметавонад ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиди хатар кунад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
*Дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст.









Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






