11 паҳлавон Тоҷикистонро дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Dusseldorf Grand Slam 2020» намояндагӣ мекунанд

Февраль 20, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз  21 то 23 феврал  дар шаҳри Дюсселдорфи Германия Мусобиқаи муҳташами «Dusseldorf Grand Slam 2020» оид ба дзюдо баргузор мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон Бекматов ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ба  иттилои номбурда, дар мусобиқаи  мазкур  иштироки 802  нафар варзишгарон, аз ҷумла 471 мард ва 331 зан аз 121 мамлакати  ҷаҳон  дар назар аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар дар «Dusseldorf Grand Slam 2020»  ширкат меварзад.

  1. Муҳаммадаюб Мирзозода -60кг
  2. Ҷамолиддин Абдуллоев -66кг
  3. Сомон Маҳамадбеков -73кг
  4. Беҳрӯзи Хоҷазода -73кг
  5. Акмал Муродов -81кг
  6. Ҳақназар Назаров -81кг
  7. Комроншоҳи Устопириён -90кг
  8. Сиротулло Икромов -90кг
  9. Саидҷалол Саидов -100кг
  10. Хуршед Маҷидов -100кг
  11. Шакармамад Мирмамадов +100кг

Чанде пеш  ду паҳлавони  шинохтаи тоҷик   Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020», ки дар шаҳри Парижи Франсия баргузор гардид, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.  Беҳрӯзи Хоҷазода аз панҷ рақобат дар сетоаш пирӯзӣ ба даст овард ва дар ду қувваозмоӣ мағлуб шуд. Вай, ки дар даври аввал озод буд, баъди се пирӯзӣ бар Уилям Тай Тин (Самоа), Тео Ригуин (Франсия) ва Шамил Ҷавбатиров (Германия) ба чорякфинал роҳ ёфт. Вале ӯ дар даври чорякниҳоӣ аз Соичи Ҳашимото (Япония) мағлуб  гашт. Сипас дар даври тасаллобахш аз Масаши Эбинуми (Япония) ноком шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб намуд.

Сомон Маҳмадбеков аз шаш рақобат дар чаҳортояш ғолиб омада, дутоашро бохт. Ӯ бар Ҷорҷ Фернандес (Португалия), Дирк Ван Тичелт (Белгия), Никола Гардасевич (Монтенегро) ва Муҳаммад Муҳиддин (Миср) дастболо шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале Сомон дар чорякфинал аз Жансай Смагулов (Қазоқистон) мағлуб гашт. Баъдан дар даври тасаллобахш аз Ҳикматуллоҳ Тӯраев (Ӯзбекистон) шикаст хӯрда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро аз они худ кард.

Ба иттилои   Федератсияи байналмилалии  дзюдо, дар «Paris Grand Slam 2020» 683 нафар варзишгарон (407 мард ва 276 зан) аз 115 кишвари панҷ қитъаи дунё ширкат намуданд

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил буд, ки дар сабқати мардон иштирок карданд. Ба ҷуз аз Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кг) намояндагӣ  намуда, аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

Зимнан, мусобиқа дар Дюсселдорф, ки баъди Гран-прии Телавиви Исроил ва «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Франсия сеюмин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо  ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд. Барои медали тилло 1000 имтиёз, «нуқра» — 700 ва «биринҷӣ» — 500 имтиёз дода мешавад.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқот ба ҷуз аз медалу имтиёз, ҷоизаи молӣ супурда хоҳад шуд. Маблағи бунёди ҷоизаи  мусобиқот 100 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад: ҷойи 1-ум — 3000 доллар, ҷойи 2-юм — 2000 доллар, ҷойҳои 3-юм – 1000-долларӣ.

Хотиррасон  менамоем, ки  21  феврал занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат мекунанд.

22  феврал барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд.

Мусобиқа 23 феврал бо қувваозмоиҳо дар ду вазн — 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн — 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Февраль 20, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт
ФУТБОЛ. Истиқлол» бар «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» бар «Хуҷанд» ғалаба намуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ғолиб омад
«Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Ҳисор бозии дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо мунтахаби олимпии Қирғизистон доир мешавад