236 нафар шахсоне, ки дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе зери карантин қарор доштанд, пурра мураххас шуданд

Февраль 24, 2020 16:30

ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 236 нафар шахсоне, ки дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе зери карантин қарор доштанд, пурра мураххас шуданд.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардухтури Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе Хуршед Ҳабибзода иттилоъ дод.

Бино ба зикри номбурда, вазъияти  ин нафарон хуб буда, дар онҳо  нишонаҳои коронавирус дида нашуд ва таҳлили озмоишгоҳии онҳо низ аз сиҳат буданашон дарак дод.

Гуфта мешавад, ки айни замон як гурӯҳ нафароне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайрҳои гуногун ба Тоҷикистон омадаанд, дар Беморхонаи сироятии шаҳри Ҳисор таҳти назорати карантинӣ қарор доранд.

Тавре муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамиддин Камолзода 21 феврал иттилоъ додааст, шаҳрвандони боқимонда пас аз гузаштани 14 рӯзи карантин, дар ҳолати пайдо нашудани нишонаҳои коронавирус ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд. Вале новобаста аз ин ҳолати онҳоро мутахассисони шуъбаҳо  назорат мебаранд.Воридшавии шаҳрвандон аз Чин ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

АКС аз сомонаи «Азия плюс»

Февраль 24, 2020 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон