Маҳмадсаид Шоҳиён: «Рушд наёфтани соҳаи кинои тоҷик аз поймол намудани ҳуқуқҳои муаллиф ва дар фиттаҳои сесомона ба фурӯш баровардани филмҳои тоҷикист»
ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ягона сабаби рушд наёфтани соҳаи кинои тоҷик- ин поймол намудани ҳуқуқҳои муаллиф ва баъдан ба фурӯш баровардани филмҳои тоҷикӣ дар фиттаҳо (диксҳо) бо роҳҳои ғайриқонунӣ мебошад, ки ҳамагӣ бо нархи 3 сомонӣ дар дӯконҳои фиттафурӯши мушоҳида мешаванд. Ин дар ҳолест, ки муаллиф ва ҳайати эҷодии филм хароҷоти зиёд масраф мекунанду дар ниҳояти кор рӯ ба муфлисшавӣ меорад, ки ин ҳолат ғайри қобили қабул аст. Ин матлабро 5 феврал директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дар ҳузури хабарнигорони мамлакат баён намуд.
Ҳамчунин М.Шоҳиён иттилоъ дод, ки баҳри баргузории Фестивали филмҳои тоҷикӣ дар ҳамкориву шарикӣ бо Сафорати Франсия дар Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии «Бохтар» бо таъсиси ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расид. Тибқи он аз 25 ноябр то 1 декабри соли 2019 Фестивали филмҳои тоҷикӣ дар сатҳи баланд доир гардид. Ду филми кӯтоҳи офаридаи аҳли эҷоди Муассиса «Дуғоб» ва «Аз баландии парвоз» дар ин фестивал соҳиби ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» гардид.
Зикр гардид, ки барои таҳияву наворбардории филми мустанад бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон омодагиву омӯзиш идома дорад.
Ҳамзамон моҳи июни соли сипаришуда бо кинематографистони Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар доираи татбиқи он ҳамкорию равобити манфиатноки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Раёсати давлатии кинематографияи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳкиму густариш меёбад.








Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд






