ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохтмони осоишгоҳ барои 250 нафар бомаром идома дорад
ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд бунёди беш аз 10 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ин иншооти бунёдшаванда корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, роҳу пулҳо, иншооти гидроэнергетикӣ, мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаву марказҳои саломатӣ мебошанд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди ду иншооти замонавӣ барои фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Маркази таълими дӯзандагӣ санги асос гузошта шуд.
Зимни гузоштани санги асос дар ин иншоот раиси вилоят зикр намуд, ки «бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои замонавӣ барои фаъолияти беҳтари кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд».
Бунёди маркази таълимию дӯзандагӣ, ки аз 3 ошёна иборат мебошад, имкон фароҳам меорад, ки сокинони шаҳри Гулистон ба омӯзиш ва рушди ҳунарҳои халқӣ бештар машғул гардида, бо ҷойи кор таъмин шаванд.
Ҳамчунин дар шаҳри Гулистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохтмони осоишгоҳ барои 250 нафар ҷараён дорад. Бино бо тарҳу намои зебо ва дарназардошти талаботи замони муосир бунёд мегардад. Ҳоло дар он 60 нафар коргарон ба анҷом додани корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд.
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёду ба истифода додани зиёда аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, рӯз аз рӯз раванди корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза мегирад.
Раиси вилоят яке аз чунин иншооти бунёдшавандаро дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд мавриди назар қарор дод. Зимни шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки бинои истиқоматӣ аз 12-ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳкам Мансуров бунёд карда мешавад.
Бино аз 12 ошёна ва 98 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюм маркази савдову хизматрасонӣ ҷой дода мешаванд. Дар қабати 13-уми он майдони алоҳида ҷой дода шудааст, ки истиқоматкунандагон метавонанд дар ин макон истироҳат карда, ҳамзамон ба варзиш машғул шаванд.
Ҳуҷраҳои он 1, 2 ва 3 — хонагиро дар бар гирифта, аз 54 то 121 метри мураббаъро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин барои харидорон пардохти имтиёзнок барои ду сол муайян ва пешниҳод карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи октябри соли 2019 оғоз ёфта, масъулин азм доранд онро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат ба истифода диҳанд. Айни замон дар иншооти мазкур 40 нафар сохтмончиён дар ду баст фаъолият дошта, корҳои бетонӣ ҷараён доранд. Масъулин азм доранд сохтмони ин биноро мувофиқи нақша ва бо сифати баланд ба сомон расонанд.
Раиси вилоят ба сохтмончиён дастур дод, ки бояд, пеш аз ҳама, ба сифати корҳо аҳмияти аввалиндараҷа дода, дар намуди зоҳириашон нақшу нигори миллиро бештар истифода баранд.










Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид






