Агибай Смагулов бо муовинони Сарвазир, Суди Олӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод

Февраль 12, 2020 12:26

ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Миссияи нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил назорати интихоботро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад. Дар доираи назорати интихоботи парлумонӣ дирӯз, 11 феврал муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Агибай Смагулов бо муовинони Сарвазир, Суди Олӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари Миссияи нозирони ИДМ хабар медиҳад.

Дар мулоқот бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Агибай Смагулов ҷараёни маъракаи интихоботро баррасӣ карданд. Зимни суҳбат Азим Иброҳим аҳамияти маъракаи пешазинтихоботиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида,  андешаҳояшро барои  дар мамлакат  гузаронидани интихоботи одилона ва озод баён  намуд.

Дар вохӯрӣ Агибай Смагулов бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода масъалаҳои интихоботӣ, инчунин фаъолияти ташкилотҳои ҳайати нозирон аз ИДМ-ро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон Зоҳир Саидзода зикр кард, ки мақомоти корҳои хориҷӣ дар доираи қонунгузории миллӣ ба кори нозирони байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Номбурда  изҳор дошт, ки таъмини риояи меъёрҳои демократии интихоботи озод ва шаффоф яке аз вазифаҳои муҳимтарин барои Тоҷикистон мебошад.Худи ҳамон рӯз Агибай Смагулов бо муовини аввали раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода мулоқот намуд.Агибай Смагулов дар бораи принсипҳои ҳайати нозирон аз ИДМ сухан гуфт. Дар навбати худ, Шавкат Лутфуллозода дар бораи кори мақомоти судӣ дар маъракаи интихобот, инчунин дар бораи иштироки судяҳо дар таълими аъзои комиссияҳои интихоботӣ маълумот дод.

Февраль 12, 2020 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»