«ҲАЁТ, АДАБИЁТ, ВОҚЕИЯТ». Таҳти ин унвон китоби нави адабиётшиноси маъруфи тоҷик, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи мулоқоти анъанавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе китоби нави Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, адабиётшиноси маъруфи тоҷик, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода таҳти унвони «Ҳаёт, адабиёт, воқеият» аз чоп баровард.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар китоби мазкур мақолаҳои илмӣ-оммавии солҳои гуногун таълифнамудаи муаллиф гирд оварда шудаанд ва муҳтавои ҳамаи онҳо хонандаро ба чунин хулоса меорад: адабиёт бояд бо халқ, бо зиндагӣ ва воқеияти рӯзгори инсонҳо наздик бошад, ҳам аз ҷиҳати забон ва ҳусни баён, ҳам аз ҷиҳати сабку услуби тасвир, ҳам аз ҷиҳати сабаби рӯ овардани адиб ба ин ё он мавзуъ ва воқеа. Адабиёт ҷомеаро бояд тарбия кунад, ба он роҳи дуруст нишон диҳад, дар ниҳоди хонанда ахлоқу одоби нек, меҳру муҳаббат ба якдигар, эҳтироми волидайн, эҳсоси ватанпарварӣ, мушкилнописандӣ, меҳнатдӯстӣ ва дигар хислатҳои некро бедор ва парвариш намояд. Маҳз дар ҳамин сурат он ба дарди ҷомеа мехӯрад.
Ин аз масоилест, ки ҳамасола аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо зиёиён таъкид мегарад.
Китоб фарогири масъалаҳои адабиёти гузаштаву муосир буда, як қисми онҳо ба муаммоҳои адабию фарҳангӣ, таърихӣ ва таҳаввулу ташаккули осори хаттиву шифоҳии тоҷик бахшида шудаанд. Муҳаррири масъули китоб доктори илмҳои филология, профессор Масрур Абдуллозода мебошад.
Китоб ба шарафи 90-солагии адабиётшиноси барҷастаи тоҷик, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, профессор, устоди зиндаёд Соҳиб Табаров таълиф ва дар пайравии мактаби илмиву адабии ин мунаққиди бузург иншо гардидааст.
Тавре дар пешгуфтори китоб омадааст: «Дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми тоҷикон дар саросари олам боз ҳам боло рафт ва ҳамчун миллати тамаддунофар ва фарҳангӣ шинохта шуд».
Дар ин давра, нигоштааст муаллиф, Сарвари хирадпешаи тоҷикон хишти давлатдории миллиро ниҳода, на танҳо анъанаҳои неки фарҳангию таърихии пешинаро дубора эҳё намуд, балки рамзҳои миллиро барқарор карда, ба бунёди давлати миллию дунявӣ асос гузошт.
«Давраи роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар аввали ҳазораи сеюм ва асри бисту як метавон замони миллатсозии халқи тоҷик муаррифӣ кард», — гуфтааст академик Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Ба андешаи муаллиф, маҳз дар ҳамин давра халқи тоҷик ба дарки моҳияти фалсафию иҷтимоии мафҳуми «миллат» бешгар ошноӣ пайдо кард, аз таърихи гузаштаи хеш огаҳ шуд, анъанаҳои фарҳангию маънавиро аз нав эҳё намуд ва дар роҳи пойдории давлатдории миллӣ қадамҳои устувор гузошт.
Маҳз ин шахсияти нотакрори таърихӣ ба оламиён чеҳраҳои мондагори тоҷиконро муаррифӣ кард, таваҷҷуҳи аҳли илмро ба давлати тоҷикон бештар ва фарҳангу адабиёти моро дар арсаи ҷаҳонӣ тарғибу ташвиқ намуд.
«Барои адабиёт ва санъати тоҷикӣ давраи нав оғоз гардид, ки метавон онро давраи адабиёт ва санъати замони истиқлоли миллӣ номид. Дар ин давра, бахусус адабиёт ҳомии тавоно пайдо намуд, ҷиҳати рушди он заминаи мусоид фароҳам омад ва адибон аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ ёфта, барои онҳо роҳи васеъ боз гардид», — гуфта мешавад дар пешгуфтори китоб.
Абдуҷаббор Раҳмонзода дар идома нигоштааст, ки Тоҷикистон ва сарнавишти халқи тоҷик мавзӯи асосии осори адибони даврони истиқлолро ташкил карда, ба ин восита онҳо кӯшиш менамоянд, ки ҳақиқати рӯзгори халқро дар давраҳои гуногун бозтоб намоянд.
Дар китоби мазкур ҳамин масъалаҳои рушди адабиёти тоҷикӣ аз нигоҳи назариву муқоисавӣ таҳқиқ гардидаанд. Дар фаслҳои алоҳида давраҳои мухталифи адабиёти тоҷикӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ба қонунмандии ташаккулу таҳаввули адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ баҳогузорӣ карда шудааст.
Дар фасли аввал доир ба масъалаҳои устураэҷодҳои мансухӣ ва мақоми он дар эҷодиёти Фирдавсӣ, таъсири тариқати сӯфия дар Хуросону Мовароуннаҳр, нақши ирфон дар ҷаҳонбинии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дар ашъори Шамсидин Шоҳин сухан меравад.
Дар фасли дуюм баъзе паҳлуҳои рушди назму насри адабиёти ҳозираи тоҷик таҳқиқ гардида, таҳаввул ва рушди адабиёти муосир ва даврони истиқлол бозгӯ шудааст.
Фасли чаҳорумро масъалаҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар бар гирифта, дар мисоли китобу рисолаҳо, мақолаву нақдҳо ва тадқиқоту пажӯҳишҳои олимони шинохтаи мамлакат, аз қабили Муҳаммадҷон Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Худоӣ Шариф баррасӣ гардидаанд.
Дар фасли чаҳорум баъзе муаммоҳои адабиёти шифҳӣ ва фолклор мавриди омӯзиш карор гирифта, нақши онҳо дар бозтоби рӯзгори мардуми тоҷик таҳқиқ шудааст.
Фасли панҷум ба сайри таърихии робитаҳои адибони тоҷику ӯзбек ва таҳқиқи дӯстии халқҳо бахшида шудааст.
Метавон гуфт, ки китоб барои шиносоӣ пайдо кардан доир ба баъзе масъалаҳои мубрами таърихи адабиёт, адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва фолклоршиносӣ ба хонандагон маводи ҷолиб пешниҳод менамояд.