Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор», ки 22 апрел дар Остона оғоз гардид, аз афзоиши басомад ва давомнокии тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, изҳори нигаронӣ намуданд.
Сарвари давлат афзуданд, ки танҳо соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз шаст тӯфони чанголуд ба қайд гирифта шуд, ки давомнокии умумии онҳо тақрибан ҳафт моҳро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, дар аввали солҳои навадуми асри гузашта басомади чунин зуҳуроти обу ҳаво танҳо ду ё се маротиба дар як сол буд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки Саммити минтақавии экологӣ дар Остона дар шароите баргузор мегардад, ки тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва офатҳои табиӣ ҳам барои минтақаи мо ва ҳам барои тамоми ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил меёбанд. Бешубҳа, ин вазъият аз мо тадбирҳои муштараку ҳамоҳангро тақозо менамояд.
Бо дахли захираҳои обии Тоҷикистон Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Ин нақши муҳими низоми экологии кӯҳии Тоҷикистонро дар таъмини обрасонӣ ва рушди устувор дар минтақа собит менамояд. Дар ин замина, обшавии босуръати пиряхҳо ва кам шудани захираҳои барф боиси нигаронии амиқ мегардад. Гуфта шуд, ки аз чордаҳ ҳазор пиряхи Тоҷикистон беш аз 1300 адади онҳо аллакай пурра об шудаанд.
«Раванди босуръати обшавии пиряхҳо дар саросари ҷаҳон тамоюли афзоиш дошта, ба вайроншавии тавозуни об, ба вуҷуд омадани таҳдидҳо ба муҳити зист ва зиёд гардидани хавфи офатҳои табиии вобаста ба об оварда мерасонад»,-изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар






