ЗЕҲНИ СУНЪӢ ЧИСТ? Ва ё мошинҳои ҳисоббарор метавонанд ба монанди инсон фикр карда, қарор қабул намоянд?

Апрель 29, 2026 08:31

ДУШАНБЕ, 29.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи донишу таҷрибаи комил шакл гирифта, воқеияту муҳимияти онро ҷомеаи ҷаҳонӣ баъдтар амиқан дарк менамояд. Мушкилоти оби тоза, масъалаҳои экологӣ, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, масъалаҳои сулҳу ваҳдати аҳли башар ва амсоли ин бо паҳлуҳои мусбат ва аҳамияти баланд имрӯз ҳама марзҳоро убур карда, башарият дар партави ин ташаббусҳо андешидани тадбиру чораҳоро ногузир медонад. Масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва ҷузъиёти зиёди фарогири он аз ҷумлаи пешниҳодҳои навбатии Тоҷикистон мебошанд, ки имрӯз ба масъалаи мубрами ҳаёти ҷомеа табдил меёбанд.  

Зеҳни сунъӣ дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон

Сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо на танҳо ба манфиати миллати тоҷик, балки барои минтақаву ҷаҳон арзиш пайдо намудааст, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи ташаббусҳои зиёди Тоҷикистон аз минбарҳои баланд пазируфтааст. Дар заминаи нуктаҳои асоснокгардида ва ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» якдилона қабул намуд. Дар ин самт дар ҷумҳурии мо аллакай бисёр нақшаю барномаҳо тарҳрезӣ гардида, дар ҳошияи онҳо ба таври мудовим вазифаю ҷузъиёти нав ба нав пайдо мешаванд, ки аҳамияти вижа доранд.

Зеҳни сунъӣ чист?

Агар як замоне тавсеаи робот – мошинҳо ҳамчун хавфу таҳдидҳо мавриди баҳсу мунозираҳо ба шумор мерафт, пас имрӯз ҷойи онро масъалаҳои зеҳни сунъӣ гирифтаанд. Онро як андоза давоми мантиқии ин масъала низ гуфтан мумкин аст. Одӣ карда гӯем, агар як замоне масъалаи баҳси ба ҷойи инсон меҳнат кардани чизе (робот) вуҷуд дошта бошад, пас имрӯз ба ҷойи инсон фикр кардани чизе (компютер) ба вуҷуд омадааст.

Бо вуҷуди рушди устувори  технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ қисмати зиёди корбарон, ҳатто он нафароне, ки ҳар рӯз аз технологияҳои муосир истифода мебаранд, ҳанӯз моҳияти зеҳни сунъиро дарк накардаанд. Онҳо танҳо истифодабарандаю бинандаи натиҷаи кори зеҳни сунъӣ буда, алгоритми кори ин системаҳо барояшон норавшан боқӣ мондааст.

Ин ҳолат нишон медиҳад, ки байни пешрафти технологияи навин ва сатҳи дарки ҷомеа фосилаи муайян вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, зарурати шарҳи содаи мафҳуми зеҳни сунъӣ ба миён меояд. Оё мошинҳои ҳисоббарор метавонанд ба монанди инсон фикр карда, қарор қабул намоянд ва ба саволҳо ҷавоб гардонанд? Ин раванд муҳаққиқон ва муҳандисонро солҳои зиёд банди андеша намуда буд.

Бояд гуфт, ки заминаҳои пайдоиши зеҳни сунъӣ (AI-Artificial Intelligence) натиҷаи ҳамгироии чандин соҳаи илм ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, мантиқ, математика, информатика, алгоритмсозӣ ва амсоли инҳо, ки дар якҷоягӣ дар заминаи татбиқи забонҳои барномасозӣ чунин системаи универсалӣ сохтаанд. Гарчанде оид ба масъалаи зеҳни сунъӣ ва пайдоиши он дар байни пажӯҳишгарон ақидаҳои мухталиф зиёданд ва ҳатто онҳо идеяҳои пайдоишро ба давраҳои Юнони қадим низ рабт медиҳанд.

Дар солҳои 50-уми асри гузашта олимон ба хулосае омаданд, ки майнаи сари инсон монанди шабакаи нейронӣ фаъолият мекунад. Маҳз дар заминаи амалисозӣ ва таҳияи шабакаи нейронӣ имконият фароҳам омад, то алгоритми кории масъала тавассути мошинҳои ҳисоббарор таҳлил карда шавад. Истилоҳи зеҳни сунъӣ «Artificial Intelligence» аввалин маротиба соли 1956 аз ҷониби Ҷон МакКарти- созандаи забони Lisp дар конфронси Донишгоҳи Дартмут баён гардидааст, аммо идеяи сохтани чунин системаҳо ҳанӯз соли 1935 аз ҷониби Алан Тюринг пешниҳод шуда буд. Тафсири умумии он чунин аст:

Зеҳни сунъӣ маҷмуи алгоритм ва барномаҳоеро фаро мегирад, ки онҳо тавассути технологияҳои компютерӣ иттилоотро ҷамъоварӣ ва таҳлил намуда, дар заминаи он монанди инсон қарор қабул мекунанд.

Алгоритми фаъолияти системаҳои зеҳнӣ фарогири масъалаҳои зерин мебошад:

  • ҷамъоварӣ ва нигоҳдории иттилоот;
  • коркард ва ташхиси иттилоот;
  • дар заминаи алгоритмҳои махсус таҳлил ва омӯзиши иттилоот;
  • пешниҳод намудани ҷавобҳои дархостшуда пас аз амалигардии онҳо аз рӯи алгоритми гуфташуда.

Бояд гуфт, ки раванди коркард ва таҳлили иттилоот дар системаҳои зеҳни сунъӣ марҳилаҳои пайдарпайро гузашта, дар аввал маълумот аз манбаъҳои гуногун ҷамъоварӣ мешаванд ва дар марҳилаи дуюм этимоднокӣ ва дурустии онҳо аз рӯи алгоритми махсус санҷида мешавад. Дар марҳилаи сеюм алгоритмҳои зеҳни сунъӣ он маводи додашударо таҳлил намуда, қарорҳои дахлдор қабул мекунанд ва дар марҳилаи ниҳоӣ натиҷаҳо ба корбар пешниҳод мегарданд.

Зеҳни сунъӣ ва талаботи замон 

Зеҳни сунъӣ алҳол ба сифати идроки техникӣ ба ҳаёти инсоният ворид гардидааст ва сабқату рақобатҳои гуногун зиёданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии ҳадафҳои стратегӣ дар самти рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ гомҳои устувор гузоштааст, ки онҳоро дар чанд самт тақсимбандӣ кардан имкон дорад:

 

  1. Ҳукумати Тоҷикистон рушди технологияҳои рақамиро ҳамчун омили муҳим дар баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ зарур шуморида, барои расидан ба ин ҳадаф маҷмуи зиёди барнома ва консепсияҳоро қабул намудааст.
  2. Рушди зеҳни сунъӣ дар заминаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ низ ба танзим дароварда шудааст. Дар ин замина бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022 «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» ба тасвиб расидааст, ки яке аз муҳимтарин барномаҳо ба шумор меравад.
  3. Истифодаи низомҳои идоракунии худкор ва махзанҳои маълумотӣ бо татбиқи зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Масалан, истифодаи алгоритмҳо барои таҳлили маълумоти оморӣ, қабули қарорҳо ва ояндабинии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ торафт аҳаммияти хос касб менамояд.
  4. Ҳукумати ҷумҳурӣ низоми маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи бозор ҷавобгӯйро дар самти барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ омили калидии рушди устувор барои расидан ба дастовардҳои назаррас ҳисобида, густариши ихтисосҳои марбут ба ин соҳаро дар муассисаҳои таълимии кишвар яке аз самтҳои афзалиятнок қабул намудааст.
  5. Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис додани паркҳои технологӣ, марказҳои инноватсионӣ, марказҳои омӯзиши забонҳои барномасозӣ ва амсоли инҳо ба густариши соҳаи мазкур мусоидат намуд. Инчунин ҳамкории ҳамаҷониба бо ташкилоти байналмилалӣ ва ҷалби мутахассисон аз кишварҳои пешрафта барои рушди технологияҳои инноватсионӣ заминаи мусоид гузошт.
  6. Масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи махзанҳои маълумот (пойгоҳи додаҳо) низ дар сиёсати давлатӣ аҳаммияти хосса дорад. Бо рушди зеҳни сунъӣ ва густариши технологияҳои рақамӣ таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҳамлаҳои киберӣ тақвият меёбад, ки ин ҳам яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Сиёсати давлатӣ дар рушди барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ

 Бо назардошти таҳаввулоти рӯзафзуни ҳаёти аҳли башар рушди технологияҳои рақамӣ дар ҷаҳони муосир дар тамоми ҷабҳаҳо тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст, ки инсоният 50-60 сол қабл онҳоро ҳатто тасаввур карда наметавонист. Ба таври маҷмуӣ яке аз муҳимтарин падидаҳои таъсирбахши ҷаҳони имрӯза зеҳни сунъӣ ба ҳисоб рафта, тавре ишора гашт, он тадриҷан ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ки зарурати ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар ҳама соҳаҳои мухталифи хизматрасонӣ яке аз масъалаҳои калидии сиёсати давлатии имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо қабули ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диққати махсус зоҳир гардидааст, ки он моҳияти байналмилалӣ дорад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ дар байни аксар масъалаҳо ба самти мазкур афзалият дода, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъиро барои ҷумҳурӣ муҳим ҳисобидаанд. Чанде аз нуктаҳои ин паёмҳо ба таври хос ба самти мазкур нигаронида шудаанд:

  1. «… дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон ба Маҷлиси Олӣ, 2024);
  2. «… муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста шавад» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон ба Маҷлиси Олӣ, 2024);
  3. «Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, 2024);
  4. «Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имконияти зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, 2025);

Тавре аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъкидҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, рушди барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ масъалаи муҳим ва зарурӣ барои кишвари мо маҳсуб мешавад. Саволе ба миён меояд, ки чаро рушди ин самт барои мамлакати мо муҳим аст ва зарурати пешниҳоди чунин иқдом аз чӣ иборат аст? Инҳо саволҳое мебошанд, ки бояд мо ҷавоб гӯем ва моҳияти ин масъалаҳоро дарк намоем.

Компютер, интернет ва зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавӣ ва истифодаи аввалин компютерҳо ба солҳои 1960-1970 рост меояд. Аввалин компютерҳо дар донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ ва муассисаҳои давлатӣ истифода шуда, онҳо на барои истифодаи оммавӣ, балки барои ҳисобҳои илмӣ ва муҳандисӣ пешбинӣ шуда буданд. Аз ҳамон солҳо сар карда, то  имрӯз компютерҳо бо мурури замон ба наслҳои нави муосир мубаддал гардида, дар ҳама соҳаҳо мавриди истифода қарор доранд.

Марҳилаҳои заминавии рушди интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 оғоз гардида, марҳилаи дуюми он ба 23 декабри соли 1998 рост меояд. Зеро 23 декабри соли 1998 аввалин провайдери интернетии «Telecom Technology» дар ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуда, дастрасии интернет дар шаҳри Душанбе таъмин гардид. Ҳамин тавр, технологияҳои навини пуриқтидор марҳила ба марҳила рушд намуда, имрӯз тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо интернет таъмин намудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдоиш ва густариши технологияҳои навини зеҳни сунъӣ, чатботҳо ва системаҳои антиплагиат аз солҳои 2000 оғоз гардида, пас аз соли 2015 вусъат пайдо намуд. Масалан:

  • Барномаҳои санҷиши асолати матн (антиплагиат). Чунин системаҳои санҷиши асолати матн гарчанде дар давлатҳои мутараққӣ аз солҳои 1990 оғоз гардида бошад ҳам, марҳилаҳои ибтидоӣ ва рушди онҳо дар ҷумҳурии мо аз соли 2010 шуруъ гардидааст.
  • Чатботҳо (ChatGPT, Google Gemini, Microsoft Copilot). Аввалин чатботҳо дар ҷумҳурии мо солҳои 2021-2022 мавриди истифода қарор гирифтанд. Онҳо асосан дар бонкҳо ва хизматрасониҳои мобилӣ марҳилаҳои ибтидоӣ пайдо намуда, пас аз он ба таври густурда паҳн гардиданд. Аммо бояд хотиррасон намуд, ки чатботи аввалин соли 1966 аз ҷониби Ҷозеф Вейзенбаум бо номи ELIZA сохта шудааст.

Кишварҳои пешрафта дар самти зеҳни сунъӣ

Тибқи маълумоти оморӣ, якчанд кишвари ҷаҳон дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ, илм, технология, сармоягузорӣ ва татбиқи амалии зеҳни сунъӣ пешрафта мебошанд.

  1. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Дар ин кишвар ширкатҳои бузург фаъолият менамоянд, ки онҳо зеҳни сунъиро бевосита дар раванди корӣ татбиқ намудаанд. Аз қабили: Google, Microsoft, OpenAI, Meta ва дигар ширкатҳо.
  2. Ҷумҳурии Мардумии Чин. Дар Чин зеҳни сунъӣ ба яке аз омилҳои муҳими рушди стратегияи миллӣ табдил ёфта, тавассути имконияти он тамоми низоми назоратӣ ва кор бо манбаъҳои бузурги додаҳо ба роҳ монда шудааст. Масалан, бақайдгирӣ дар махзанҳои бузург тавассути системаҳои биометрӣ (шинохти чеҳра, овоз, изи ангушт ва ғайра).
  3. Британияи Кабир. Ин кишвар яке аз марказҳои муҳими илмӣ дар Аврупо ба ҳисоб рафта, рушди зеҳнӣ сунъӣ дар он аҳаммияти калидӣ дорад. Масалан, густариш додани он дар Донишгоҳҳои бонуфузи Оксфорд, Кембриҷ ва ғайра.
  4. Олмон. Самти робототехника ва мошинсозии интелектуалӣ дар ин кишвар мавқеи хос дошта, ҳама дар заминаи рушди зеҳни сунъӣ амалӣ гардонида шудааст.
  5. Ҷопон. Дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ва роботсозӣ мавқеи муайянро дар дунё ишғол намудааст. Зеҳни сунъӣ дар саноат, маориф, тиб ва дигар хизматрасониҳо бо таври васеъ истифода мегардад.

Дурнамои зеҳни сунъӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо рушди технологияҳои муосири рақамӣ зеҳни сунъӣ метавонад ба яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ табдил ёбад.  Гарчанде ҷумҳурии мо дар марҳилаҳои аввали рушди ин самт қарор дошта бошад ҳам, дар густариши зеҳни сунъӣ дар миқёси минтақа қадамҳои устувор гузоштааст. Ҳадафи навбатии стратегии ҷумҳурии мо пайванду робитае ба иқтисоди рақамиву зеҳни сунъӣ дорад ва барномаву стратегияҳои қабулшуда дар самти рушди илмҳои дақиқ аз ҷумлаи онҳост.

Зеҳни сунъӣ метавонад дар пешрафти иқтисоди миллӣ нақши калидӣ бозад. Инчунин имконоти он метавонанд таъсири омилҳои инсониро кам намуда, шафофиятро дар раванди хизматрасониҳои давлатӣ ва хусусӣ тақвият бахшанд. Инчунин татбиқи самараноки зеҳни сунъӣ дар низоми маориф, тандурусти, кишоварзӣ, саноат ва дигар самтҳои мухталифи хизматрасонӣ боиси он мегардад, ки маҳдудияти сунъӣ аз байн рафта, сифати хизматрасониҳо боло равад ва ба ин васила сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад. Аз ин рӯ, метавон раванди рушди зеҳни сунъиро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуд.

Самтҳои афзалиятноки истифодаи зеҳни сунъӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Онҳоро шартан метавон ба даҳ қисмат ҷудо намуд ва қариб дар ҳар соҳа нишонаву ҷузъиёти он ба назар мерасад, ки дар ин роҳ таҷзияи донишҳои соҳавию техникӣ нақши умда дорад.

  1. Самти иқтисод ва молия – таҳлили самараноки масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ барои ояндабинии хавфҳои ҷойдошта ва бартарафсозии онҳо.
  2. Самти кишоварзӣ – таҳлил ва идоракунии раванди парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, муайян намудани таъсири омилҳои иқлимӣ ва ояндабинии ҳосилнокӣ.
  3. Самти тандурустӣ – ташхис ва таҳлилҳои фаврӣ, дақиқият дар муайянсозии намудҳои беморӣ ва беҳтар гардонидани раванди хизматрасонӣ.
  4. Самти маориф – истифодаи усулҳои инноватсионии таълим, фардисозӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил ва идоракунии самаранок.
  5. Самти идоракунии давлатӣ – рушди ҳукумати электронӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар раванди идоракунӣ метавонад омилҳои инсониро аз байн бурда, раванди хизмарасониҳоро тақвият бахшида, шаффофиятро таъмин намояд.
  6. Самти амният ва бехатарӣ – низомҳои худкори тавассути зеҳни сунъӣ фаъолияткунанда имкон медиҳанд, ки сатҳи ҷинояткорӣ пешгирӣ карда шавад ва инчунин хавфҳои дар ин самт ҷойдошта бартараф гарданд.
  7. Самти хизматрасонии нақлиёт ва логистика – тавассути низомҳои худкор идора намудани воситаҳои нақлиётӣ, назорати мунтазами ҳаракат дар роҳ, кам кардани сарфаи вақт ва паст гардонидани шиддати танбашавӣ.
  8. Самти энергетика – назорати худкори тақсимоти неруи барқ, истифодаи оқилона, паст намудани раванди талафот ва аз байн бурдани хавфҳои коррупсионӣ дар ин самт.
  9. Самти саноат ва истеҳсолот – бо таври худкор ба роҳ мондани хизматрасониҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокӣ.
  10. Самти фарҳанг ва сайёҳӣ – тарғиби унсурҳои муҳими мероси миллӣ ва ҷалби сайёҳон тавассути технологияҳои рақамӣ.

Хатарҳои зеҳни сунъӣ

Тамоми технологияҳои муосир бо вуҷуди дастовардҳои назаррас метавонанд хавф ва хатарҳо низ дошта бошанд. Таҳлилгарони соҳа ба ин назаранд, ки истифодаи  зеҳни сунъӣ метавонад якчанд пайомади мураккаб ба бор орад:

  1. Тағйирёбии рақобат дар бозори меҳнат ва коҳиши ҷойи кор. Зеҳни сунъӣ тавассути худкорсозии равандҳо метавонад фаъолияти садҳо кормандро иваз намояд, зеро системаҳои зеҳнӣ ва алгоритмҳои кории онҳо бо суръати баланд нисбат ба инсон амал мекунанд.
  2. Масъалаи махфият ва амнияти иттилоотӣ. Тавре маълум аст, платформаҳои зеҳни сунъӣ асосан ба ҳаҷми бузурги маълумот такя намуда, қарорҳо қабул менамояд. Истифодаи нодуруст ё ихроҷи чунин маълумот метавонад ба амнияти иттилоотӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон зарар расонад.
  3. Нодуруст пешниҳод намудани маълумот. Алгоритмҳои кории зеҳни сунъӣ, ки онҳо ягон қарорҳоро вобаста ба саволи пешниҳодшуда мебароранд, метавонанд маълумоти носаҳеҳ пешниҳод намоянд. Агар корбар қобилияти таҳлили чунин маълумотҳоро надошта бошад, метавонад ба ҷомеа ҳамон маводи носаҳеҳро пешниҳод намуда, нофаҳмиҳо ба миён орад.
  4. Хатарҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ. Платформаҳои зеҳни сунъӣ бо пешниҳоди маводи бардурӯғ метавонанд ба афкор, рафтор ва ахлоқи ҷомеа таъсири ҷиддӣ расонанд. Таҳрифи ахбор ва маводи аудиовию видеоӣ метавонад ҳақиқати воқеиро тира созад.
  5. Вобастагӣ ба зеҳни сунъӣ. Вобаста шудан ба зеҳни сунъӣ боиси он мегардад, ки истифодабаранда дигар қобилияти таҳлил ва таҳқиқи масъалаҳоро ба таври мустақилона аз даст медиҳад. Ин раванд агар тӯлонӣ давом намояд, масъулият ва мустақилият аз байн рафта, ҳама он маълумоте, ки системаи зеҳнӣ пешниҳод менамояд, қобили пазироӣ мегардад.
  6. Ба вуҷуд овардани коҳилӣ. Зеҳни сунъӣ метавонад, ки қобилияти фикррониро кам намояд ва донишҳои фардиро заиф созад. Метавонад мутолиаву ҷаҳонбиниҳоро барҳам занад ва бо мурури замон ҷаҳолатро ба вуҷуд оварда, буҳронҳои маънавию иҷтимоиро ташаккул бахшад. 

Пешниҳодҳо барои густариш додани зеҳни сунъӣ 

 Бо назардошти аҳаммияти рӯзафзуни зеҳни сунъӣ моро зарур аст, ки якчанд тадбирҳои мушаххасро барои рушди ин самт ба роҳ монем:

  1. Барои омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самти барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
  2. Нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таҳсилотии ихтисосҳои марбути ин самт ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шаванд. Зеро ҳаҷми зиёди фанҳои ғайритахассусӣ вақти омӯзиши фанҳои асосии касбиро маҳдуд намуда, сатҳи азхудкунии донишҳои заруриро коҳиш медиҳад.
  3. Дар ҳама муассисаҳои таълимӣ марказҳои омӯзишӣ, лабораторияҳо ва паркҳои технологӣ дар самти барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ таъсис дода шаванд.
  4. Омӯзгорони самти мазкур ба даврҳои такмили ихтисос ҷалб карда шаванд. Бо назардошти имконият ба даврҳои кӯтоҳмуддат ба хориҷи кишвар равона гарданд, то аз таҷрибаи байналмилалӣ омӯзанд.
  5. Ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ ба соҳаи технологияҳои рақамӣ.
  6. Табодули ҳамкории байналмилалӣ ва истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта.

Хулоса

Зеҳни сунъӣ аллакай ба ҷузъи ҳаёти аҳли башар табдил ёфтааст ва дар ин самт набояд маърифати омма заиф бошад. Манзур он аст, ки бо назардошти таҳаввулоти рӯзафзун дар баробари паҳлуҳои мусбат ба оқибатҳои дигару номаълуми он омода буд. Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки дар шароити муосир зеҳни сунъӣ ҳамчун омили калидии рушди иқтисоди миллӣ баромад намуда, ба соҳаҳои мухталифи ҷомеа таъсир мерасонад.

Таҳлилҳои илмӣ собит намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай заминаҳои аввали зеҳни сунъӣ ташаккул ёфтаанд. Бо назардошти ин омилҳо дурнамои татбиқ ва густариши зеҳни сунъӣ дар ҷумҳури мусбат арзёбӣ мешавад ва дар оянда Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз субъектҳои фаъоли инноватсионӣ дар минтақа табдил меёбад.

Исроил САИДЗОДА,
декани факултети механикаву математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
 дотсент

Апрель 29, 2026 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Муҳлати лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ то соли 2029 тамдид карда шуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе Форуми 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет – CAIGF 2026 баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ба масоили бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад
Дар Душанбе нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭҲЁГАРИ ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ ДАР ҚАРИНАИ СИЁСАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУОСИР. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад
Табодули мол байни Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба 2,1 миллиард доллар расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тақвият меёбад
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Бишкек ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор гардид