АЗ САРАЗМ ТО СУҒДИЁН. Сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов дар Москва доир ба аҳамияти шаҳраки қадимии ҳудуди Панҷакент барои тоҷикон ибрози андеша намуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Москва бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муносибати бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм, ки ба феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил аст, таҳти унвони «Аз Саразм то Суғдиён» намоиши аксҳо баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Sputnik» хабар медиҳад.
Дар намоиш 35 акси деворнигораи қадимӣ ва нигораҳои бозёфтаи бостоншиносон ба тамошо гузошта шуданд. Муаллифи ҳамаи аксҳо коргардони машҳур Сафарбек Солеҳ (Солиев) мебошад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов гуфт, ки Саразм, ғайр аз мавзеи бостоншиносӣ, боз кадом арзишҳоеро дорост.
«Барои тоҷикон, ин решаҳо, таърих ва маълумотест, ки мо аз куҷо пайдо шудаем ва якчанд ҳазор сол қабл чиҳо буданд. Фикр мекунам, ки ҳар мардум метавонад бо чунин таърих ва тамаддуни бой ифтихор кунад. Барои ман, ҳамчун тоҷик, донистани ин хеле муҳим аст. Ман фикр мекунам, ки ин ҷашн имконияти хубест барои ҷамъ овардани олимон, дипломатҳо ва сиёсатмадорон, то дар бораи Тоҷикистон ва он ки тоҷикон яке аз халқҳои қадимтаринанд, суҳбат орост. Таърихи мо – ин Суғдиён, Бохтар, Саразм ва Панҷакент мебошад. Мо инро дар асоси афсонаҳо намегӯем, балки таваҷҷуҳро ба боигариҳое, ки дар осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Эрмитажи давлатӣ дар Санкт-Петербург нигаҳдорӣ мешаванд, ҷалб менамоем», — шарҳ дод ӯ ба «Sputnik».
Ба гуфтаи ӯ, иштироки зиёди одамон дар маросими ифтитоҳи намоиш ғайричашмдошт буд. Ба Сафорат садҳо занги телефонӣ ворид мешуд — бисёре аз сокинони Москва мехостанд чиптаҳои ройгон гирифта, дар бораи таърихи чандҳазораи Саразм маълумот пайдо кунанд.
Дипломат таъкид кард, ки Саразм танҳо як фоиз омӯхта шудааст. Намоишгоҳ бояд ба коршиносони рус аҳамияти таҳқиқи ин иншоотро ёдрас намояд.
Акс аз Sputnik








Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар озмуни байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Китоби нав таҳти унвони «Роғун» ба табъ расид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон, Деваштич, Шаҳристон, Данғара ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд






