Баррасии индекси идораи захираҳои табиии Тоҷикистон дар маҳфили журналистикаи иқтисодии «Тавозун»

Февраль 27, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Индекси идораи захираҳои  табиии Тоҷикистон  имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҳфили журналистикаи  иқтисодии «Тавозун» баррасӣ гардид.

Хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маҳфил ба намояндагони воситаҳои ахбори омма  тадқиқот оид ба  индекси идораи   захираҳои табиии Тоҷикистон  муаррифӣ гардида, инчунин маълумот доир ба шаффофият  дар соҳаи истихроҷ, даромад аз ин соҳа ба буҷети давлатӣ, омӯзиши  геологӣ ва канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон ва натиҷаҳои амалишавии  «Барномаи давлатии  рушди соҳаи геологияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2012 -2020» пешниҳод шуд.

Тавре директори  созмони ҷамъиятии «Хома» Шаҳло Акобирова зикр кард, ҳадафи  маҳфили журналистикаи иқтисодӣ  ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ  ва доираи васеи рӯзноманигорон, инчунин роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат  ба муҳокимаи фаъоли   масоили вобаста ба  иқтидори захираҳои табии Тоҷикистон ва идораи онҳо дар раванди саноатикунонии мамлакат мебошад, ки  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидааст.

Дар маҳфили журналистикаи иқтисодии «Тавозун» намояндагони масъули вазоратҳои молия,  рушди иқтисод ва савдо,  саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об,  Шӯрои машваратии назди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва Саридораи геологияи  назди Ҳукумати  мамлакат, инчунин коршиносон ширкат намуда, оид  ба  индекси идораи  захираҳои табиии Тоҷикистон, шаффофият  дар идораи захираҳои табиӣ,  омӯзиши геологӣ ва канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон  табодули  назар намуданд.

Февраль 27, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд