Вазири корҳои хориҷӣ: «Дар назар аст, ки Директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле дар тантанаҳои ҷашни 5500-солагии Саразм иштирок намояд»

Февраль 18, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 18.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки дар ин тантанаҳо Директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле иштирок намояд, — хабар дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

Ба гуфти Сироҷиддин Муҳриддин, соли 2019 муносибатҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО хеле назарас ва мусбат буданд. Аз ҷумла, дар Конфронси кулли ЮНЕСКО пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири маъруфи тоҷик Камоли Хуҷандӣ ба рӯйхати  солгардҳои ЮНЕСКО ворид гардиданд.

Бояд таъкид намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон– «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби  ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   борҳо аз Саразм боздид намудаанд. Бо дастуру ҳидоятҳои созандаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ  дар мавзеи Саразм болопӯш гардиданд.

Февраль 18, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд