Дар ҷаҳон шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус меафзояд

Февраль 17, 2020 09:43

ДУШАНБЕ, 17.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбе дар Чин 2 009 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин бора Вазорати тандурустии Чин иттилоъ  дод.

Ҳамчунин рӯзи шанбе 142 ҳолати фавт аз коронавируси нав ба қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 139 нафарашон дар Ҳубей, ки макони паҳншавии вируси нав ба ҳисоб меравад, фавтиданд. Тибқи иттилои Комиссияи миллии тандурустӣ, 2 нафар дар Сичуан ва 1 каси дигар дар Ҳунан вафот намудаанд.

Инчунин гузориш дода мешавад, ки аз 2 009 ҳолати нави сироятёбӣ 1 043 ҳолат дар музофоти Ҳубей ба қайд гирифта шудааст. Аз 1 843 ҳолат 888 –тои он мавриди ташхиси клиникӣ қарор гирифтанд.

Тавре чанде пеш АМИТ «Ховар» хабар дод, дар Чин шумораи ҳодисаҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав COVID-2019 ба 70,5 ҳазор нафар расида, вазъи 10.6 ҳазори онҳо вазнин арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин 1770 нафари дигар вафот карданд.

Ба иттилои агентии «Yonhap», дар Кореяи Ҷанубӣ як ҳолати дигари сироятёбӣ аз коронавирус дар марди 82-сола, ки солҳои наздик ин кишварро тамоман тарк накардааст, ба қайд гирифта шуд. Ҳоло шумораи умумии сироятёбӣ аз коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ 29 нафарро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, шумораи нафароне, ки дар киштии круизии «Diamond Princess» сироят ёфтаанд, меафзояд. «The Guardian» хабар медиҳад, ки рӯзи якшанбе миёни мусофирони киштӣ, ки аз 4 феврал инҷониб дар Япония дар ҳолати карантин мебошад, 70 ҳолати дигари сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки шумораи умумии сиротяёфтагон дар киштии мазкур ба 355 нафар расид.

ИМА, Ҳонконг, Канада, Австралия ва инчунин дигар кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар ин киштӣ қарор доранд, аллакай омодаанд шаҳрвандони худро таҳвил диҳанд.

Февраль 17, 2020 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»