Дар Академияи идоракунии давлатӣ курси такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ оғоз гардид

Февраль 3, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 03.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, ки солҳои 2018–2019 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, аз рӯи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.

Дар расми ифтитоҳи курс Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини ректор оид ба таълим Ҷумахон Файзализода,  декани факултети такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Саодат Иброҳимова инчунин, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қумринисо Азизова сухан карданд.

Абдухалил Ғафурзода мақсад аз гузаронидани курси мазкурро баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ арзёбӣ намуд.

Зикр шуд, ки Пешвои муаззами миллат соҳаи хизмати давлатиро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими идоракунии самараноки давлат  номидаанд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, сатҳу сифати дониш ва кордонии хизматчиёни давлатӣ дар ҳама зинаи мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки то имрӯз бо мақсади ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ зиёда аз сад санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ қабул гардида, дар рушди соҳа такони нав бахшиданд.

Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ин соҳа  хизматчиёни давлатиро водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи самаранокии идоракунии давлатӣ аҳамияти бештар диҳанд.

Курси мазкур то 22 феврал идома меёбад.

Февраль 3, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст