Дар Чин давоми шабонарӯзи гузашта шумораи одамони аз коронавирус шифоёфта нисбат ба сироятшудагон бештар буд

Февраль 19, 2020 11:44

ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи натиҷаҳои рӯзи сешанбе, шумораи одамоне, ки дар Чин аз коронавирус шифо ёфтанд, бори аввал аз шумораи ҳолатҳои давоми як шабонарӯз тасдиқшудаи сироятшавӣ зиёд мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, инро омори интишоршуда собит менамояд.

Дар маҷмӯъ дар саросари Чин давоми як шабонарӯз 1749 ҳолати тасдиқшудаи сироятшавӣ ба қайд гирифта шуда, 1824 нафар беморони шифоёфта аз беморхонаҳо ҷавоб гардиданд.

Илова бар ин, аллакай давоми 15 рӯз дар коҳиши шумораи ҳолатҳои нав тасдиқшуда дар тамоми минтақаҳои Чин берун аз музофоти Ҳубей тамоюли мусбат ба назар мерасад: агар 3 феврал 890 ҳолат ошкор шуда бошад, пас 18 феврал – ҳамагӣ 56 ҳолат.

Дар худи музофоти Ҳубей вазъияти душвор танҳо дар маркази эпидемия — шаҳри Вуҳан боқӣ мондааст. 18 феврал дар Вуҳан 1660 ҳолати нави сироятшавӣ ва дар дигар маҳалҳои аҳолинишини музофот ҳамагӣ 33 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

31 декабри соли 2019 мақомоти Чин ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хуруҷи бемории илтиҳоби шуши номаълум дар Вуҳан дар қисми марказии кишвар (музофоти Ҳубей) хабар доданд. Коршиносон барангезандаи бемориро муайян карданд — ин коронавируси нав аст. СУТ ин хуруҷро ҳамчун ҳолати фавқулодаи аҳамияти байналмилалӣ эътироф намуда, ба ин беморӣ номи расмии COVID-2019 дод.

Февраль 19, 2020 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид