Дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Рушди маънавиёт омили солимии фард ва ҷомеа» бо иштироки доираи васеи муҳассилину унвонҷӯён ва омӯзгорону устодон баргузор шуд.
Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр кард, ки чунин ҳамоишҳо дар пойтахт бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, тарғиби ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, ҳифзи солимии модиву маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа шурӯъ аз 8 ноябри соли 2019 то 4 июли соли 2020 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Дашанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст, баргузор мешаванд.
Ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ бо иштироки олимону коршиносон, равоншиносону мутахассисон, ходимони дин дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии мамлакат, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, доир мешаванд.
Дар ҳамоиш олимону коршиносон оид ба мавзӯи мавриди назар ибрози назар намуда, ҷавононро ба омӯзиши илму ҳунар ҳидоят намуданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки тамоми мушкилиҳои ҷавонон, аз қабили худкушӣ, озори лафзӣ, дуздию ғоратгарӣ, ба ҳар гуна ҳаракатҳои тундгарою ифротӣ ҳамроҳ шудан, хурофотпарастӣ, мардумфиребӣ ва ғайра аз нахондани китоб ва вақти худро беҳуда сарф намудан маншаъ мегирад, яъне маънавиёти костаи онҳо сабаби даст задан ба ин амалҳои номатлуб мегардад. Мутолиаи китоб ва пайваста машғул будан ба омӯзиши илму ҳунар, вақти худро босамар истифода бурдан асоси саодатмандии ҷавонон хоҳад буд.
Сипас донишҷуёни фаъол ва устодни ин донишгоҳ дар ин мавзӯъ мубодилаи афкор намуданд.








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






