Дар Душанбе 40 нафар бонувон аз оилаҳои ниёзманд ҳунари қолинбофӣ меомӯзанд

Февраль 28, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 28.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» ташкил гардид, ки дар он мутахассисони соҳа ба 40 нафар ҷавондухтарону занон аз оилаҳои ниёзманди   пойтахт ҳунари қолинбофӣ меомӯзанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими кушодашавии курси мазкур сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода зикр кард, ки  иқдоми мазкур бо супориш ва қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ сурат гирифтааст.

«Рустами Эмомалӣ ба масъулин супориш доданд, ки барои омӯхтани касбу ҳунар ба ҷавондухтарону занони пойтахт  аз оилаҳои ниёзманд  тадбирҳои зарурӣ андешанд. Раиси шаҳр махсусан зикр карданд, ки ба ин бонувон на танҳо дар омӯзиши касбу ҳунар, балки дар пайдо намудани ҷои кор ва таъмини зиндагии арзанда кумак бояд кард. Бо ҳамин мақсад соли дуюм аст, ки чунин курсҳои омӯзишӣ барои онҳо гузаронида мешаванд»,- афзуд Н.Шарифзода.

Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки то имрӯз 170 нафар бонувон аз оилаҳои ниёзманд ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта  шуда, ҳунари қаннодӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзиро аз худ намудаанд. Баъди хатми курс бонувон  соҳиби сертификати тасдиқкунандаи ҳунар гардиданд, ки барои пайдо намудани кор ба онҳо мусоидат кард.

Курсҳои омӯзишӣ  дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Точикистон»  баргузор гардида, ба ҳунаромӯзон беҳтарин мутахассисон дарс мегӯянд.

Февраль 28, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт