Дар Душанбе татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳоро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таҳти унвони «Роҳҳои татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки коршиносони соҳаи китобдорӣ ҳамоиш доир гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш олимону коршиносон дар мавзӯи роҳҳои татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо маърӯза карданд.
Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода иброз дошт, ки “масъалаи кадрҳои китобдорӣ ҳоло хеле нигаронкунанда аст. Зеро китобхона дар ҷаҳони иттилоотии имрӯза як маркази бисёр муҳими ба даст овардани илму дониш мебошад. Бояд тамоми иттилооти дунё дар китобхона ҷамъ ва баррасӣ шавад. Дар ин замина кадрҳои соҳибтахассус, мутаассифона, кам ҳастанд”.
Дар ҳамоиш ҳамчунин доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Сӯфизода ва дигарон маърӯза намуданд.
Зикр гардид, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6050 китобхона фаъолият доранд, ки аз ин 1358 адад дар низоми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110 адад дар вазорату идораҳо ва 4582 адад дар низоми Вазорати маориф ва илм фаъолият доранд.








Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти осорхонадорӣ тақвият мебахшанд
Таҳти унвони «Забон — рамзи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз мегарданд
ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Ба Ватан баргардонидани пораи хоки оромгоҳи қаҳрамонон далели он аст






