Дар вилояти Суғд бори аввал Иди картошка таҷлил мешавад

Февраль 12, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар доираи барномаҳои наврӯзӣ дар вилояти Суғд бори аввал Иди картошка таҷлил  мешавад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, имсол роҳбарияти вилоят дар доираи барномаҳои наврӯзӣ — Фестивали «Сайри гули лола», Иди асал, намоиши нону маҳсулоти нонӣ ва  бори аввал Иди картошкаро, ки яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дониста мешавад, баргузор менамоянд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузории Иди картошкаро, ки навгонӣ дар Наврӯзи байналмилалии вилоят аст, баргирифта аз супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар панҷ соли минбаъда ба 1 миллион тонна расондани ҳосили картошка арзёбӣ намуд.

Раиси вилоят дар боғи Камоли Хуҷандӣ, ки  маркази баргузории барномаҳои Наврӯзи имсола дар вилояти Суғд муқаррар гардидааст, бо иштироки масъулони соҳаҳои мухталиф машварати корӣ баргузор намуд.

Мавсуф ба шахсони мутасаддӣ, аз ҷумла роҳбарияти Ҷамъияти иттифоқи матлуботи вилоят барои дар сатҳи баланд ташкил намудани  намоишҳо вазифаҳои мушаххас  гузошт. Инчунин дастур дода шуд, ки нонҳои минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла нон ва маҳсулоти нонии Хуҷанду Зарафшон, Хатлону Бадахшон дар ин намоишгоҳ пешкаши меҳмонон гардонида шаванд, то мардум бо анъанаҳои миллии ҳамдигар шинос гарданд.

Наврӯзи Аҷам яке аз ҷашнҳои қадимию суннатии мардуми тоҷик буда, 11 сол боз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат омодагиҳо барои баргузории барномаҳои муҳташами наврӯзӣ оғоз гардидаанд.

Тавре сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иттилоъ дод, Наврӯзи байналмилалӣ имсол дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Мавсуф иброз дошт, ки Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ойинҳо ва ҷашнҳои  қадимии мардуми  ориётабор мебошад. Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 сентябри соли 2009 инҷониб Наврӯз мавқеи байналмилалӣ гирифта, ба рӯйхати  Мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил карда шуд.

АКСИ АВВАЛ: Таҷлили ҷашни Меҳргон дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид