Фарҳод Раҳимӣ: «Беш аз 25 коркарди олимони тоҷик барои татбиқ ба мақомоти марбута пешниҳод гардидаанд»
ДУШАНБЕ, 10.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 олимони Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 100 мавзӯъ, аз ҷумла илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Барои илмро дар истеҳсолот ҷорӣ намудан беш аз 25 коркард ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ ба мақомоти марбута пешниҳод гардидаанд. Дар ин бора имрӯз президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.
Бештар аз 100 коркард ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардиданд ва аксари онҳо татбиқи худро дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, мисли кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химиявӣ, техникаи ҳисоббарор, геология ва тиб ёфта истодаанд.
«Дар ин давра таваҷҷуҳи олимони соҳаи физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, ҳамчунин соҳаи биологӣ ва тиббии Академияи илмҳо ба таҳқиқу омўзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рӯйи самтҳои афзалиятноки барои ҷумҳурӣ муҳим, мисли рушди гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об, истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи экологӣ тозаи барқароршавандаи энергия, коркарди технологияҳои нав, мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгўӣ кардани заминларзаҳо, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, минтақаи сохтмони корхонаҳои калони саноатӣ ва иншооти гидротехникӣ, мониторинги радиатсионӣ ва амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист; таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон равона карда шуд»,-гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.
Инчунин зикр гардид, ки олимони соҳаи таърих, забон, адабиёт ва иқтисод таҳияи асари сеҷилдаи «Таърихи Тоҷикистон. Замони истиқлол», омода намудани харитаи бостоншиносии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, таҳлили натиҷаи тадқиқоти ёдгориҳои ноҳияҳои Темурмалик, Муъминобод, Айнӣ, Рашт, Шаҳритус, Фархор, омодагӣ ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ, таҳқиқи таърихи фалсафаи тоҷик аз асрҳои миёна то асри ХХI, роҳҳои инкишофи ҷаҳонбинии фалсафӣ ва тафаккури фалсафиву мантиқӣ ва эҷодӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, омӯзиши масъалаҳои амнияти миллӣ дар ҷомеаи муосир, пайдоиш ва иншикофи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, фолклори тоҷикони дарунмарзӣ ва бурунмарзӣ, таърихи пайдоиш ва таҳаввули забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷикӣ, таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷилдҳои 2,3,4), «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ» (ҷилди дуюм), таҳияи Консепсияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои иқтисодӣ — демографии оила ва ташаккули сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавиро идома доданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ 2167 кори илмӣ, аз ҷумла 204 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 1963 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 1861 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 222 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои давлатҳои ИДМ ва 141 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.
Соли 2019 аз тарафи олимони Академияи илмҳои ҶТ 27 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти АвруОсиё барои ихтироот, 7 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 5 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шуд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид






