Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи номинатсияҳои «Санъати тасвирӣ» ва «Ҳунарҳои халқӣ» байни иштирокчиёни аз 14 то 21-сола озмун оғоз гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.
Баргузории ин номинатсияҳо дар доираи Бозиҳои Делфӣ ба кашфу дастгирии ҷавонони боистеъдод, ҳавасмандгардонии эҷодиёти наврасону ҷавонон ва ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат менамояд. Он инчунин барои муаррифии фарҳангу ҳунари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, густариши ҳамкории фарҳангӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳаммияти муҳим дорад.
Иштироки ҷавонони соҳибистеъдод дар чунин сабқатҳо имкон медиҳад, ки онҳо маҳорати касбӣ нишон дода, бо дастовардҳои эҷодии ҳамсолони худ аз давлатҳои гуногун шинос шаванд ва таҷрибаи нав андӯзанд.
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои баргузории номинатсияҳо ва намоиши истеъдод, тафаккури бадеӣ ва маҳорати амалии иштирокчиён шароити мусоид фароҳам овардааст. Дар ин ҷо санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ ҳамчун бахшҳои муҳими фарҳанги миллӣ ва воситаи ифодаи арзишҳои маънавию эстетикии халқҳо мавқеи хос доранд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, 6 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон маросими оғози Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то 9 октябр идома ёфта, дар онҳо намояндагони 9 давлат аз рӯйи номинатсияҳои фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, созҳои нафасӣ, сарояндагии академӣ, сарояндагии анъанавӣ ва эстрадӣ, инчунин рақси халқӣ маҳорати ҳунариашонро ба намоиш мегузоранд.
Баргузории чунин ҳамоиши байналмилалии фарҳангӣ дар Тоҷикистон натиҷаи сиёсати фарҳангпарварона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди фарҳанг, санъату ҳунар ва дастгирии насли ҷавон мебошад.
Баргузории Бозиҳои Делфӣ дар шаҳри Душанбе боз як намунаи равшани нақши фарҳанг дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб меравад. Иштирокчиёни озмун дар баробари нишон додани маҳорати баланди касбӣ бо фарҳанг, анъана ва ҳунари миллии якдигар шинос гардида, ба таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат менамоянд.
Ҳадафи асосии Бозиҳои Делфӣ дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангии миллӣ мебошад. Барои ҷавонони соҳибистеъдод чунин ҳамоишҳо имконияти хуб фароҳам меоранд, то маҳорати худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷрибаи нав ба даст оранд ва бо намояндагони мактабҳои гуногуни санъат ҳамкорӣ намоянд.
Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе на танҳо майдони рақобати эҷодӣ, балки платформаи муҳими фарҳангӣ барои муаррифии дастовардҳои санъату фарҳанги кишварҳои иштирокчӣ ва таҳкими дӯстӣ байни мардумон мебошанд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад






