Фарҳод Раҳимӣ: «Беш аз 25 коркарди олимони тоҷик барои татбиқ ба мақомоти марбута пешниҳод гардидаанд»

Февраль 10, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 10.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019  олимони  Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 100 мавзӯъ, аз ҷумла  илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Барои илмро дар истеҳсолот ҷорӣ намудан беш аз 25  коркард ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ ба мақомоти марбута пешниҳод гардидаанд. Дар ин бора имрӯз президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.

Бештар аз 100 коркард ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардиданд ва аксари онҳо татбиқи худро дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, мисли кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химиявӣ, техникаи ҳисоббарор, геология ва тиб ёфта истодаанд.

«Дар ин давра таваҷҷуҳи олимони соҳаи физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, ҳамчунин соҳаи биологӣ ва тиббии  Академияи илмҳо ба таҳқиқу омўзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рӯйи самтҳои афзалиятноки  барои ҷумҳурӣ муҳим, мисли рушди гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об, истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи эко­логӣ тозаи барқароршавандаи энергия, коркарди технологияҳои нав, мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгўӣ кардани заминларзаҳо, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, минтақаи сохтмони корхонаҳои калони саноатӣ ва иншооти гидротехникӣ, мониторинги радиатсионӣ ва амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист; таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон равона карда шуд»,-гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Инчунин зикр гардид, ки олимони соҳаи  таърих, забон, адабиёт ва иқтисод таҳияи асари сеҷилдаи «Таърихи Тоҷикистон. Замони истиқлол», омода намудани харитаи бостоншиносии ноҳияҳои  Ҷалолиддини Балхӣ, таҳлили натиҷаи тадқиқоти ёдгориҳои ноҳияҳои Темурмалик,  Муъминобод,  Айнӣ, Рашт, Шаҳритус, Фархор, омодагӣ ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ, таҳқиқи таърихи фалсафаи тоҷик аз асрҳои миёна то асри ХХI, роҳҳои инкишофи ҷаҳонбинии фалсафӣ ва тафаккури фалсафиву мантиқӣ ва эҷодӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, омӯзиши масъалаҳои амнияти миллӣ дар ҷомеаи муосир, пайдоиш ва иншикофи ҳуқуқи байналмилалӣ дар  минтақаи Осиёи Марказӣ, фолклори тоҷикони дарунмарзӣ ва бурунмарзӣ, таърихи пайдоиш ва таҳаввули забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷикӣ, таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷилдҳои 2,3,4), «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ» (ҷилди дуюм), таҳияи Консепсияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои иқтисодӣ — демографии оила ва ташаккули сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавиро идома доданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ 2167 кори илмӣ, аз ҷумла 204 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома,  1963  мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 1861  мақола  дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 222 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои давлатҳои ИДМ ва 141  мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.

Соли 2019 аз тарафи олимони Академияи илмҳои ҶТ 27 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти АвруОсиё барои ихтироот, 7 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 5 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи  иттилоотӣ ба даст оварда шуд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

22 СЕНТЯБР-РӮЗИ РӮДАКӢ. Маликушшуаро бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷик асос гузошт
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқ ва тармими созҳои миллии мусиқӣ озмоишгоҳи омӯзишӣ таъсис дода шуд
Камол Насрулло: «Одамушшуаро Абуабдулло Рӯдакӣ мазҳари ифтихор, худшиносӣ ва сарбаландии ҳар фарди бедордили тоҷик мебошад»
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ва маҳфили шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» ҷамъбаст гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Устод Рӯдакӣ падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён мебошад
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Бозтоби масъалаҳои рӯдакишиносӣ дар номаҳои устод Садриддин Айнӣ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Инкишофи он ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ барои ҳар давлати ҷаҳони муосир хеле муҳим аст
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Чанд сухан атрофи ишқи Ватан дар осори Одамушшуаро ва маҷрои бардавоми «Ҷӯи мӯлиён»
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таъминоти меъёрию техникии лоиҳаҳои дар соҳаи фаъолияти кайҳонӣ амалишаванда баргузор шуд
«РӮДАКӢ, ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ баргузор мешавад
9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд
Дар Душанбе машғулияти байналмилалии омӯзишии «CollAsia 2023» оғоз ёфт