Сулаймон Султонзода: «Зиёда аз 370 ҷиноят вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин ошкор гардид»
ДУШАНБЕ, 11.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 374 ҷинояти коррупсионии вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин ошкор ва ба қайд гирифта шуд. Бештари ҷиноятҳо ба шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Рӯдакӣ, Панҷакент, Кӯшониён, Шаҳритус, Ваҳдат, Қайроққум, Исфара, Турсунзода ва Фархор рост меоянд. Ин нуктаро директори Агентии мазкур Сулаймон Султонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2018 шумораи чунин ҷиноятҳои бақайдгирифташуда ба 278 адад баробар буда, соли сипаригардида қариб 100 адад кам шудаанд.
Зимнан, тибқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Кам гардидани ҷиноятҳои коррупсионии марбут ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин нишони волои татбиқи ин моддаи Конститутсия ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми худ ба Парлумони мамлакат моҳи декабри соли 2018 баён доштанд: «Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар мамлакат 135 ҳазор гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ 52 ҳазор гектар зиёд шудааст.
Яъне ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ замин тақсим карда дода шудааст ва ба ҳисоби миёна беш аз 7 миллион нафар сокинони мамлакат шароити манзилиашонро беҳтар кардаанд».
Ёдовар мешавем, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бо ин зуҳурот дар мамлакат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 амал мекунанд.








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






