Гурӯҳи корӣ бакорандозии корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи саноатиро баррасӣ намуд

Февраль 24, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зиёд барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ мавҷуд мебошад. Аз ин лиҳоз, таъсиси корхонаҳои нав, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон ва қобилияти идоракунии онҳо, инчунин омодасозии кадрҳо аз омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадаф мебошад. Ин нукта зимни ҷаласаи корӣ, ки дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи барқарор намудани ҷойҳои корӣ ва бакорандозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, инчунин таъсиси корхонаҳои нав баргузор гардид, таъкид шуд.

Зимни оғози ҷаласа Вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода иброз намуд, ки саноатчиёни мамлакат иқдоми наҷибонаи Сарвари давлатро ҷиҳати инкишофи устувори минбаъдаи мамлакат дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ, ки ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардидааст, дар сархати вазифаҳои аввалиндараҷаи кори худ қарор додаанд. Инчунин барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифта лоиҳаи чорабиниҳои ташкиливу техникӣ вобаста ба рушди соҳаи саноат таҳия  мешаванд.

Зикр шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ иқтисодиёти мамлакат тамоюли рушди устувор дошта, омилҳое ба назар мерасанд, ки ба рушди босуръати саноати мамлакат монеъ  мегарданд.

«Норасоии маблағҳои гардишии корхонаҳо ва фоизи нисбатан баланди қарзҳои бонкӣ, фарсудашавии таҷҳизоти саноатию кишоварзӣ, сатҳи нокифояи рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи саноати коркард, норасоии мутахассисони баландихтисос, ба монанди менеҷерони сатҳи болоӣ ва дараҷаи миёна, сатҳи нокифояи ҳамкории дохилисоҳавӣ, байнисоҳавию байниминтақавӣ, рушд наёфтани муносибатҳои кластерӣ аз омилҳое мебошанд, ки ба рушди босуръати саноати мамлакат мушкилот эҷод мекунанд», — гуфт Заробиддин Файзуллозода.

Инчунин дар ҷаласа дар баробари ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда таъсиси корхонаҳои нав дар тадбиқи ҳадафи чорум муҳим арзёбӣ гардид. Иштирокдорон ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти рушд додани соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсол ва муаррифии  маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ ва таъмини сокинон бо ҷойҳои кории нав  аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои соҳа пайваста андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.

Дар ҷаласаи корӣ  намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ,  аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ ва сардорони раёсатҳои соҳавии вазорат иштирок намуданд.

Дар хотима бо назардошти таклифу пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Февраль 24, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст