ХАТЛОН НУРОНӢ МЕШАВАД. Соли 2020 дар ин вилоят Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунонии шаҳраку деҳот эълон гардид
ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар вилояти Хатлон «Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунонии шаҳраку деҳот» эълон гардид. Дар ин бора 17 феврал қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба тасвиб расид.
Тибқи ин қарор, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораю корхонаҳои вилоятӣ муваззаф гардидаанд, ки дар ободонӣ ва равшаннамоии ҳудуди биноҳо, биноҳои маъмурӣ, кӯчаю гузаргоҳҳо саҳмгузор бошанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад, тибқи қарори зикршуда чароғонкунии ороишии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ, роҳҳои нақлиётии дохилишаҳрӣ ва марказҳои шаҳраку деҳот низ пешбинӣ гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки иқдоми мазкур дар самти вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни муҳими давлатии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби бештари сайёҳон ва рушди деҳот дар вилояти Хатлон таъсири амиқ мегузорад.
«Дар вилоят бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва дар доираи корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд»,-афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта 263 ҳазор сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд. Айни ҳол дар вилоят 795 ёдгориву мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва монументалӣ, 101 меҳмонхона, 64 мавзеи сайёҳӣ, 37 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 121 тарабхона, 36 осорхона, 58 чойхона, 54 ҳомстей ва гестҳаус, 69 мағозаи фурӯши армуғон, 97 зиёратгоҳ, 33 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва 20 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошад.










Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






