ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе хиёбони Саъдии Шерозӣ навсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи нақшаи тарҳрезии иморатсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино таҳия гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва ҶСК ПИЛҶ «САНИИОСП» тарҳрезӣ шудааст.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масоҳати ҳудуди қитъаи тарҳрезишуда 37,00 гектарро дар бар гирифта, дар он бунёди 77 адад биноҳои истиқоматӣ, 1 адад бинои маъмурӣ, 4 адад биноҳои маъмурии бисёрфунксионалӣ ба нақша гирифта шудааст.
«Дар хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино васеъшавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мавҷуда — №32, №67, №37, №66, №2, №90 (дар ду баст) дар назар дошта шудааст. Дар хиёбони мазкур боғчаи кӯдаконаи мавҷуда -№112 «Ивушка», «Баҳористон», №101 ва №48 васеъ гардида, 1 адад кӯдакистони нав барои 250 нафар сохта мешавад. Дар ин минтақа дар масоҳати 1,80 гектар майдончаҳо барои истироҳати сокинон бунёд мегарданд»,- афзуд манбаъ.
Дар қитъаи тарҳрезишуда дар масоҳати 5,00 га роҳҳои мошингард, 6,04 га роҳравҳо ва 8,00 га майсазор бунёд мегарданд. Ҳамчунин сохтмони марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва нозироти минтақавӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин хиёбон дар масоҳати 5,61 га 15 адад майдончаҳои варзишӣ сохта шуда, бо дарназардошти бунёди майдончаҳо барои бозии кӯдакон масоҳати 1,61га ҷудо гардидааст.
Дар лоиҳаи тарҳрезишуда бунёди 22 адад иншооти коммуналӣ (трансформатор, бунгоҳҳои гармӣ, муйдончаҳои партов) низ дар назар дошта шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳр лоиҳаи тарҳрезишудаи як зумра хиёбонҳои пойтахт таҳия гардидааст. Хиёбони Борбади шаҳри Душанбе аз ҷумлаи онҳост, ки аз ҷониби ин Сарраёсат таҳия шудааст. Дар хиёбони мазкур биноҳои замонавии истиқоматии серқабата ва миёнаошёна, марказҳои хизматрасонӣ, кӯдакистонҳо, майдончаҳои варзишӣ, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳи 1 ва 2-ошёнагӣ бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинони он бунёд карда мешаванд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»










Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






