«Ҳимояи Ватан қарзи шаҳрвандист»-ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

Февраль 21, 2020 14:15

ДУШАНБЕ, 21.02.20. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида  ба таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ таҳти унвони «Ҳимояи Ватан қарзи шаҳрвандист» ҳамоиши идона баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар  ҳамоиши мазкур, ки бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, кормандони китобхона, афсарону сарбозон, кормандони Иттиҳодияи интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Гуфта шуд, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он ки  мамлакатро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд, ҳарчанд ки барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт.

18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.  Ҳамин тариқ, 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардида, он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода афсарону сарбозони шуҷои Ватанро бо фарорасии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта,  зикр намуд, ки ҳимояи Ватан барои ҳар шаҳрванди мамлакат, бахусус ҷавонон қарзи шаҳрвандӣ мебошад. Аз ин рӯ ин қишри ояндасози ҷомеаро зарур аст, ки илму дониш омӯзад ва ҳамеша марзу буми худро ҳимоя намуда, ба ин сарзамин содиқона хизмат намояд.

«Ҳифзи Ватан, музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳаёти орому осоиштаи мардум ва таъмини амнияту суботи давлат вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Иҷрои ин амали пуршараф ба ҷавононе насиб мегардад, ки дар қалбашон меҳру муҳаббат нисбат Ватан-Модар маскан гирифта бошад,- афзуд номбурда.

Раиси Иттиҳодияи интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шавкат Мирзоев иброз дошт, ки воқеан, артиш зода ва ҳамқадами Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бино ба қавли номбуда, мақсад аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии мамлакат  қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд.

Гузашти садсолаҳо нишон дод, ки бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои ҳизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан дар Тоҷикистон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу субот заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Февраль 21, 2020 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд