«Коронавирус-афсона ё ҳақиқат?»-таҳти ин унвон дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ бо иштироки мудири Озмоишгоҳи вирусологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Татяна Волнова таҳти унвони «Коронавирус-афсона ё ҳақиқат?» машғулияти омӯзишӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зимни он мудири Озмоишгоҳи вирусологӣ Татяна Волнова оид ба таърих, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус ба кормандони Озмоишгоҳи миллии референсӣ маълумоти муфассал дод.
«Бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус, ки он ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустии ҷаҳон табдил ёфтааст, бояд кормандони соҳаи тиб ва шаҳрвандон доир ба сирояти мазкур маълумоти кофӣ дошта бошанд. Зеро доштани маълумоти муфассал оид ба коронавирус, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он метавонад шаҳрвандонро аз гирифторшавӣ ба ин вирус эмин нигоҳ дорад»,- гуфт Татяна Волнова
Ёдовар мешавем, ки баргузор намудани чунин машғулиятҳои омӯзишӣ ба такмили дониши тахассусии кормандони соҳа равона гардида, дар назар аст, ки онҳо пайваста баргузор шаванд.








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






