Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» Пиетро Салини мулоқот намуд

Февраль 20, 2020 18:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» Пиетро Салини мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти бузурги  гидроэнергетикии Тоҷикистон — Неругоҳи барқи обии «Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор намуда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ карданд.

Февраль 20, 2020 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд